Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони қазоқ барои Мухтор Аблязов ҳабси якумрӣ талаб кард


Дар Қазоқистон айбдоркунандаи давлатӣ барои мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, дар доираи парвандаи "куштори фармоишӣ"-и молик ва мудири пешини бонки "ТуранАлем" Ержан Татишев ҳабси якумрӣ талаб кард.

"Гуноҳи ӯ пурра исбот карда шуд. Аблязов аз соли 2009 дар хориҷ ба сар мебарад, бинобар ин ҷамъоварии маълумот дар борааш номумкин аст. Додситон талаб дорад, ки вайро дар ғайбаш ба ҳабси умрбод маҳкум кунанд", - иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони додситон.

Вакили дифои мухолифи қазоқ Жанар Кисикова, ки аз тарафи давлат таъмин шудааст, мегӯяд, барои исботи айбномаи шахси зери ҳимояи ӯ далелҳои кофӣ пешниҳод нашуданд ва бинобар ин, талаб дорад, ки Аблязовро бегуноҳ эълон кунанд.

Аблязов гӯё соли 2004 бо мақсади дубора ба даст гирифтани идораи "БТА бонк" куштори мудири бонк Ержан Татишевро дар ивази 4 миллион доллар ба Муродхон Тоқмадӣ фармоиш додааст.

Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуфӣ ҷон бохтааст. Вале мақомоти қазоқ баъдан соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки ҳангоми шикор бо Татишев дар як мошин буд, дар марги ӯ айбдор ва як сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2017 ин парванда бозбинӣ шуда, Тоқмадӣ гуфт, Татишевро бо фармони Аблязов ба қатл расонд. Дар натиҷа додгоҳ Тоқмадиро моҳи марти соли равон 10,5 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи Қазоқистон худи Аблязовро моҳи июни соли 2017 ғоибона бар пояи чанд банд, аз ҷумла "ташкили гуруҳи ҷиноӣ" ва "дуздӣ" 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Аблязов дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо эълом кард, ки парвандаҳо сиёсиянд ва ӯ дар куштори Татишев даст надорад.

XS
SM
MD
LG