Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Браудерро дар заҳролудшавии Магнитский гумонбар донист


Уилям Браудер

Додистонии кулли Русия алайҳи Уилям Броудер - бунёдгузори Hermitage Capital парвандаи нав боз кард. Дар ин бора додситонӣ рӯзи душанбе хабар дод.

Парвандаи ҷиноӣ бар пояи иттиҳоми таъсиси ҷомеаи ҷиноӣ боз шудааст, - гуфт мушовири додситони Русия Николай Атмонйев. Ба гуфтаи ӯ, баъзе ширкатҳо аз Қибрис, Литва ва Швейсария ба манфиати Браудер фаъолият ва дар "шустушӯи пул" ба ӯ кӯмак мекарданд.

Сармоядори британиягиро ҳамчунин ба заҳролудшавии аудитори Hermitage Сapital Сергей Магнитский, бо истифода аз маводи кимиёвӣ, муттаҳам мекунанд. Намояндаи додситонии кулл гуфт, ки "нафарони дигар низ заҳролуд шуданд, ки аз бо Браудер дар ин ҷиноят ҳамдаст буданд". Намояндаи додситонӣ дар робита ба фарзияи заҳролудшавии Магнитский ба хабарнигор Олег Лур такя кард, ки борҳо таҳқиқоти мухолифини русро танқид кардааст.

Додситонӣ ҳамчунин гуфт, ки Браудер рӯзҳои наздик дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор мегирад ва дороиҳояш ҳабс мешаванд.

Худи Браудер парвандаи навро ба интихоби зудраси раҳбари нави Интерпол ва ҳамчунин қабули "Қонуни Магнитский" дар ИМА рабт дод.

27-уми июл Браудер дар кумитаи ҳуқуқи Сенати Амрико шоҳидӣ дод. Ӯ гуфт, “вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ”-и Путин бекор кардани “Қонуни Магнитский” аст. Ин санади ИМА, ки соли 2012 қабул шуд, заминаро барои ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия муҳайё мекунад, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.

Раиси бунёди сармоягузории Hermitage Capital Уилям Браудер президенти Русия Владимир Путинро сарватмандтарин одами дунё медонад. Браудер, ки дар Русия ба ҷиноятҳои молӣ айбдор мешавад, дороии Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи роҳбари Hermitage Capital, 10 ҳазор зердасти Владимир Путин ба ғасби моликият, ҳабс, одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳатто куштор машғуланд ва ба ҳамаи онҳо президент кафолати беҷазоӣ додааст. “Эъломияи Магнитский” метавонад ба ин монеъ шавад. Дар асоси ин эъломия то ҳол суратҳисобҳои бонкии чандин фарди наздик ба Владимир Путин ҳабс шудааст.

Браудер рӯзи 19-уми июл дар мусоҳиба бо телевизиони "Настоящее время" гуфт, Путин мехост, тавассути ширкати офшории дӯсташ Сергей Ролдугин 230 миллион доллар ба даст орад. Дар гузашта Сергей Магнитский гуфта буд, ки ин маблағҳо аз буҷет дуздида шудаанд. Барои хабар додан дар ин бора, Магнитский нахуст ба ҳабс гирифта шуд ва баъдтар, дар моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳи Москва ба қатл расид.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди ҷазо ба мардони "сабукпо" қабул нашуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
XS
SM
MD
LG