Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Хатлон ҷинояткорони фирории эҳтимолиро меҷӯяд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон таъсиси постгоҳҳои полис дар ҷодаҳои ҷануби кишварро ба фирори гурӯҳе аз афрод рабт медиҳанд, ки эҳтимолан баъди содир кардани ҷинояте дар ноҳияи Вахш аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯянд, ки субҳи 19-уми ноябр шоҳиди ҳузури густурдаи пулис дар роҳҳои Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Восеъ, Фархор ва дигар шаҳру ноҳияҳо буданд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 19-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки таъсиси посгоҳҳои полис ба фирори афроде, ки маблағи бузургеро дар ноҳияи Вахш рабудаанд, рабт дорад. Ин манбаъ афзуд, аз ин рӯ, дар пайи бонги хатар постгоҳҳои иловагӣ ташкил шуд ва ҳамаи худравҳо мавриди тафтиш қарор мегиранд.

Ин манбаъ гуфт, ки ҳодисаи дуздии пул дар яке аз манзилҳо сурат гирифтааст, аммо миқдори онро дақиқ нагуфт. "Таъсиси постҳо ба он хотир аст, ки шаб дар ноҳияи Вахш пули калон рабурда шудааст. Аз ин рӯ, дар вилоят постҳо ташкил шуда, ҳама мошинҳо тафтиш карда мешавад ва ҷои ягон шубҳа нест, зеро дуздонро кофтукоб дорад",-гуфт манбаъ аз мақомоти интизомӣ.

Аммо кормандони Вазорати корҳои дохила, ки масъули ин постгоҳҳо ҳастанд, дар сӯҳбат гуфтанд, ки дар ноҳияи Вахш як "Мерседес" се нафарро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаст. Вале мақомот то ҳол расман шарҳ надоданд, ки дар Хатлон чӣ ҳодиса шудааст ва постгоҳҳои амниятӣ ба кадом хотир таъсис ёфтаанд.

Афзоиши ходимони полис дар ҷодаҳои вилояти Хатлон дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки дар пайи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар авохири моҳи июл дар минтақаи Себистони Данғара, постгоҳҳои иловагӣ таъсис дода шуда, минтақа чанд вақт зери назорати шадиди амниятӣ қарор дошт ва кормандони Бозрасии давлатии амтомобилӣ ҳар мошинро назорат мекарданд.

XS
SM
MD
LG