Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро бо иттиҳоми қочоқи симоб дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 16-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, кормандони милиса ҳангоми тафтиши мошини як сокини 50 -сола аз ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан 3 килову 500 грам симоб пайдо кардаанд, ки ба сокини 54-солаи ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад.
Ба гуфтаи муфаттишон, сокини Ёвон симобро ҳангоми кор карданаш дар корхонаи кимиёвии ноҳия дастрас кардааст. Ҳоло ҳарду нафар ба «муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба каси дигар додан» муттаҳам мешаванд. Симоб, ки металҳои моеъ ба ҳисоб меравад, як моддаи кушанда буда ва барои коркарди металҳои гуногун ба кор меравад.