Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи пурқурбонии ду автобус дар Покистон


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Полиси Покистон гуфт, ки дар як садамаи автобусҳо дар Панҷоб, 19 нафар кушта ва 35 тан маҷрӯҳ шуданд. Афсари полис Имон Ёқуб гуфт, ки ҳодиса 21 октябр дар болои пуле наздик ба Дараи Ғозихон, воқеъ дар 450-километрии шаҳри Лоҳур рух дод.

Ёқуб гуфт, ки шумори кушташудаҳо аз ҳисоби маҷрӯҳон метавонад афзоиш ёбад, чунки бисёриҳо дар ҳолати сангин ҳастанд. Ба гуфтаи ин афсари полис, азбаски ҳарду автобус бо суръати баланд ҳаракат мекарданд, қурбонии ин садама ҳам хеле зиёд аст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ҷои ҳодиса якбора 15 нафар кушта шуд ва дигарҳо дар бемористон ҷон доданд. Садама дар роҳҳои мошингузари Покистон ҳодисаи бесобиқа нест ва як сабабаш дар истифода будани мошинҳои кӯҳна, нодида гирифтани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигарҳо гуфта мешавад. Ҳар сол дар роҳҳои Покистон беш аз 5 ҳазор нафар ҷон медиҳад.

XS
SM
MD
LG