Дар таркише дар корхонаи тавлиди маводи пиротехникии вилояти Ленинград ду муҳоҷир аз Тоҷикистон низ ҷон бохтаанд. Ҷасади онҳо рӯзи 22-юми октябр ташхис ва ҳувияташон дақиқ карда хоҳад шуд. Ҳодиса рӯзи 19-уми октябр рух додааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 20-уми октябр гуфт, бино ба иттилои муқаддамотӣ дар натиҷаи ин таркиш чаҳор нафар ҷон бохта, 11 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Кормандони намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ва консулгарии генералӣ дар шаҳри Санкт-Петербург маълум кардаанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
"Яке дигар аз Беларус аст ва ҷасади нафари чаҳорум ҳанӯз маълум нашудааст", - гуфт Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ.
Ба қавли ӯ, бар асоси иттилои бадастомада, дар ин корхона дар маҷмуъ чаҳор муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекарданд. "Намояндагии Вазорати меҳнат ва консулгарии генералӣ тамоми талошро хоҳанд кард, то ҳувияти шаҳрвандон мушаххас шуда ва ҷасади онҳо ҳарчи зуд ба ватан фиристода шавад", - афзуд Иброҳим Аҳмадӣ.
Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.