Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Додситонии кулли Тоҷикистон ба қарори Вазорати маориф


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба қарори Вазорати маориф ва илм дар мавриди сафари донишҷӯёну устодон ба хориҷа эътироз кард ва хост, он бекор карда шавад.

Додситонии кулл рӯзи 19-уми октябр дар посух ба шикояти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин қарор “бо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар” мухолифат дорад.

Моҳи феврали имсол Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор кард, ки омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик бе иҷозаи мақомот ҳаққи сафари хидматӣ ваё таҳсил дар хориҷаро надоранд.

Ин тасмими вазорат сару садоҳои зиёдеро ба по кард ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар онро мухолиф ба Қонуни асосӣ ва санадҳои байналмилалӣ хонданд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон моҳи июл бо норозигӣ аз ин қарор ба Додситонии кулл номаи шикоятӣ навишта ва хостори бекор кардани қарор шуданд.

Бино ба номае, ки Маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр кард, Додситонии кул дар посух ба дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтааст, "талаботи муроҷиати Шумо қонеъ карда шуд".

Аммо қаблан масъулони Вазорати маориф гуфта буданд, ки ин ниҳод бо танзими сафари донишҷӯёну омӯзгорон ва профессорон ҳаргиз ҳуқуқи онҳоро маҳдуд намекунад.

Илҳом Камолзода, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ дар Вазорати маориф гуфт, иҷозаи вазорат барои сафар ба хориҷа барои омӯзгорону донишҷӯён танҳо дар 3 ҳолат зарур аст. “Агар сафар хидматӣ бошад ё ба хотири иштирок дар ягон нишасти илмӣ ваё идомаи таҳсил дар хориҷа”, - гуфта буд ӯ.

Тоҷикистон то ибтидои солҳои 2000-ум визаи хуруҷ дошт ва шаҳрвандонаш қабл аз сафар ба хориҷ бояд мақсади сафари худро ба масъулони ОВИР ё ниҳодҳои вазорати хориҷӣ шарҳ медоданд ва раводиди хуруҷ мегирифтанд. Созмонҳои байналлмилалӣ лағви ин муқарраротро аз пешрафтҳои Тоҷикистон унвон кардаанд

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввалин кишварҳое буд, ки визаи хуруҷро лағв кард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин кор истиқбол намуда буданд. Феълан дар кишвар танҳо кормандони ниҳодҳои интизомӣ бояд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар аз роҳбарияти худ иҷоза бигиранд.

XS
SM
MD
LG