Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозо аз додситонӣ: "Қарори вазорати маорифро бекор кунед"


Бинои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Бинои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Додситонии кулл хостаанд "қоида"-и нави Вазорати маориф барои сафари муҳассилин ва омӯзгорон ба хориҷаро бекор кунад. Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, қарори Вазорати маориф хилофи Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ мебошад.

Қоидаҳои сафари кормандони соҳаи маориф ба хориҷи кишвар муқаррар кардааст, ки хонандаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ низ танҳо пас аз гирифтани иҷозаи хаттӣ метавонанд барои иштирок дар чорабинҳо ба хориҷа бираванд.

Ин изҳорот аз сӯи бархе аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Independent Center for Human Rights Protection, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дигар ташкилотҳо пахш шудааст.​

Тибқи тартиби нави Вазорати маориф, аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҳаққ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ва ё таҳсил ба хориҷа раванд.

"Қарори Вазорати маориф ба Конситутсия мухолиф аст"

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 26-уми июн бо пахши як изҳорот аз Додситонии кулл тақозо карданд, то қарори Вазорати маориф дар бораи сафари муҳассилин ба хориҷаро бинобар "хилофи як қатор талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ" буданаш, бекор кунад.

Аз ҷумла, ба қавли муаллифони изҳорот, дар қарори Вазорати маориф, талаботи як қатор меъёрҳои қонунгузории миллӣ, аз ҷумла моддаи 24-и Конститутсияи Тоҷикистон нақз шудааст. Ин модда муқаррар мекунад, ки "шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он, ҳуқуқ дорад."

Инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иддао доранд, ки қарори Вазорати маориф мухолиф ба муқарраротҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ мебошад.

"Тартиби нав роҳро барои фасод боз мекунад"

Дар изҳороти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "қоида"-и нави Вазорати маориф метавонад монеаи озодии академӣ шуда, роҳро барои фасод боз кунад.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон.
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон.

"Боиси қайд аст, ки қоидаҳои мазкур метавонанд монеаи озодии академӣ, рушди алоқаҳои байналхалқии академӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ, созиши ҳамкорӣ ва мубодилаи озоди дониш гарданд. Ҳуҷҷати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон метавонад барои иҷрои авлавиятҳои мазкур тавассути ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои барзиёд, монеаҳо эҷод кунад. Хусусияти иҷозатдиҳии ҳар гуна сафар, инчунин, метавонад шароитҳои мусоидро барои коррупсия фароҳам орад, зеро он шахсоне, ки системаи маорифро таҳия мекунанд, ки равандҳои қабули қарорро барои баромадан муайян мекунанд",-омадааст дар изҳороти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Додситонии кулл тақозо кардаанд, ки қарори Вазорати маорифро бекор карда, бахусус барои сафари он гуруҳи муҳассилин ва омӯзгороне, ки ба иттилооти сиррӣ дастрасӣ надоранд, мусоидат кунад.

"Ҳама сафарҳои хидматӣ танҳо баъд аз иҷозат"

Вокуниши мақомоти Вазорати маориф ва илм дар робита ба иддаои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ феълан маълум нест. Аммо тартиби сафари омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик аз сӯи Вазорати маориф ва илм моҳи феврал тасвиб шуда, ҷузъиёташ рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ дастрас гардид.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Тибқи ин санад, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони мактабҳо ва раисони донишгоҳҳо сафари худро ба хориҷа бояд бо ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа кунанд. Ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз пеш аз рафтан ба берун аз кишвар, ҷузъиёти сафари худ, аз ҷумла хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.

"Инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд сабаби сафари худро асоснок карда, нусхаи матни суханрониашонро бо мақомоти Вазорати маориф мувофиқа намоянд",- гуфта шудааст дар санад. Бар асоси он, хидматчиёни соҳаи маориф ҳатто барои гирифтани мукофот ва унвони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон иҷоза гирифта, пас аз бозгашт, ба ин ниҳод гузориши хаттӣ нависанд.

Қоидаҳои сафари кормандони соҳаи маориф ба хориҷи кишвар муқаррар кардааст, ки хонандаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ низ танҳо пас аз гирифтани иҷозаи хаттӣ метавонанд барои иштирок дар чорабинҳо ба хориҷа бираванд.

Барои идомаи таҳсил дар хориҷа ба хонандагон ва муҳаққиқон низ зарур аст, ки ба мақомоти маориф маълумотнома пешниҳод кунанд. Агар ин сафар беш як солро дарбар гирад, дар он сурат қарори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ бояд гирифта шавад.

Бар асоси дастури нав, кормандони соҳаи маориф ва муҳассилину омӯзгороне, ки дар сафарҳои қаблии худ ба хориҷ рафтори ношоиста кардаанд ваё гирифтори беморӣ мебошанд, ба сафарҳо пешниҳод намешаванд. Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи дастури нав, ба танзим даровардани сафари донишомӯзон ва муҳаққиқон ба хориҷи кишвар аст

Ин нахустин маҳдудияти Вазорати маориф ва илм дар роҳи сафари муҳассилин ва омӯзгорон барои рафтан ба хориҷа нест. Соли гузашта ин ниҳод баъзе аз созмонҳои мустақил, аз ҷумла Мултикид ва ТМ-International-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум кард. Дар ҳоли ҳозир асосан ниҳодҳои зертобеи Вазорати маориф, аз ҷумла Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳаққ доранд, ки ҷавононро барои таҳсил ба хориҷа фиристанд.

XS
SM
MD
LG