Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Қоида”-и нави Вазорати маориф. Ба хориҷа – танҳо бо иҷозат


Аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҳақ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ваё таҳсил ба хориҷа раванд. “Қоида”-ҳои нав охири моҳи феврали имсол тасвиб шуда, ҷузъиёташ рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ дастрас гардид.

Агар 15 рӯз мунтазир истем, аз сафар мемонем. Ин чиз бояд ба низом дароварда шавад, ки барои кадом сафар аҳли маориф иҷозаи ҳатмӣ дошта бошанд

“Куҷо? Чаро меравед? Ҳамаро фаҳмонед”

Тибқи ин санад, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони мактабҳо ва раисони донишгоҳҳо сафари худро ба хориҷа бояд бо ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа кунанд. Ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз пеш аз рафтан ба берун аз кишвар ҷузъиёти сафари худ, аз ҷумла хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.

“Инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд сабаби сафари худро асоснок карда, нусхаи матни суханрониашонро бо мақомоти Вазорати маориф мувофиқа намоянд”, - гуфта шудааст дар санад. Бар асоси он, хидматчиёни соҳаи маориф ҳатто барои гирифтани мукофот ва унвони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон иҷоза гирифта, пас аз бозгашт, ба ин ниҳод гузориши хаттӣ нависанд.

“Танҳо баъди гирифтани иҷозаи расмӣ”

Қоидаҳои сафари кормандони соҳаи маориф ба хориҷи кишвар муқаррар кардааст, ки хонандаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ низ танҳо пас аз гирифтани иҷозаи хаттӣ метавонанд барои иштирок дар чорабинҳо ба хориҷа бираванд.

Барои идомаи таҳсил дар хориҷа ба хонандагон ва муҳаққиқон низ зарур аст, ки ба мақомоти маориф маълумотнома пешниҳод кунанд. Агар ин сафар беш як солро дарбар гирад, дар он сурат қарори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ бояд гирифта шавад.

Бар асоси дастури нав, кормандони соҳаи маориф ва муҳассилину омӯзгороне, ки дар сафарҳои қаблии худ ба хориҷ рафтори ношоиста кардаанд ваё гирифтори беморӣ мебошанд, ба сафарҳо пешниҳод намешаванд.

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи дастури нав ба танзим даровардани сафари донишомӯзон ва муҳаққиқон ба хориҷи кишвар аст

“То иҷоза мегирем, ки аз сафар мемонем”

Баъзе кормандони бахши маориф мегӯянд, зери заррабин қарор гирифтани сафари онҳо ба хориҷа баъзан бар зарари ин соҳа анҷом хоҳад ёфт. Саидшо Нусратов, омӯзгори донишгоҳ аз вилояти Хатлон мегӯяд, дар қарори Вазорати маориф каме бебандуборӣ аст ва ин ниҳод бояд дақиқ кунад, ки кадом намуд сафарҳо ба хориҷ бояд бо иҷозат сурат гирад.

Ин омӯзгори тоҷик мегӯяд, набояд ҳамаи сафарҳои кормандони соҳаи маориф бо иҷозаи мақомот сурат гирад. Чун, ба қавли ӯ, баъзе сафарҳое ҳаст, ки фаврианд ва 15 рӯз мунтазир шудан имкон надорад. “Ҳолатҳое ҳам шудааст, ки шахсони масъул сари кор нестанд ва наметавон аз онҳо иҷоза гирифт. Агар 15 рӯз мунтазир бошем, аз сафар мемонем. Ба ин хотир, ин чиз бояд ба низом дароварда шавад ва гурӯҳбандӣ шавад, ки барои кадом сафар аҳли маориф иҷозаи ҳатмӣ дошта бошанд”, - иброз дошт ӯ.

Ин нахустин маҳдудияти Вазорати маориф ва илм дар роҳи сафари муҳассилин ва омӯзгорон барои рафтан ба хориҷа нест. Соли гузашта ин ниҳод баъзе аз созмонҳои мустақил, аз ҷумла Мултикид ва ТМ-International-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум кард.

Дар ҳоли ҳозир асосан ниҳодҳои зертобеи Вазорати маориф, аз ҷумла Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳақ доранд, ки ҷавононро барои таҳсил ба хориҷа фиристанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG