Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиби нос чӣ дорад, ки мақомот нигаронанд?


Давлат Саидқулов, сокини 46-солаи ноҳияи Дӯстӣ, ки ба ҳайси тоҷири маъруфи нос шинохта шудааст, эҳтимол ин корашро аз даст бидиҳад ё барои идомаи фаъолият муҷаввиз гирад.

Ҳоло ӯ дар рӯи ҳавлиаш дар як гӯшаи ноҳияи Дӯстӣ, 150-километрии пойтахт бо истифода аз барги хушки тамоку, обу оҳак ва хокистари чӯби бед нос омода мекунад. Барои ин кор ба иҷозати расмӣ ё таҳлили маводи таркиби нос ниёз надорад.

Шумори носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест, аммо эҳтимол меравад, як бахши умдаи аҳолӣ гирифтори ин маводанд. Дар бархе аз минтақаҳо аҳли ин ё он деҳа тақрибан саросар носкашанд.

Аммо ахиран мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки шеваи таҳияи нос -- як навъ тамокуи машҳур миёни мардони тоҷик ва ҳамчунин моддаҳои таркиби онро таҳти назорати ҷиддӣ хоҳанд гирифт. Дар як ҷаласаи Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфтанд, тавлиди носро мақомоти соҳаи беҳдошт ва санитарӣ назорат мекунанд.

Ин мавзӯъ танҳо дар шакли пешниҳод баррасӣ шуд ва ҳанӯз ниҳоӣ нагардидааст. Аз ин сабаб, рӯшан нест, ки мақомот аз чӣ роҳ таҳияи нос дар Тоҷикистонро назорат хоҳанд кард. Як намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласа гуфт, онҳо барои чунин пешниҳод далел доранд ва афзуд, аз ҷумла аз он нигаронанд, ки дар таркиби нос баъзе маводи кимиёвӣ истифода мешавад.

Саидҷон Давлатов, роҳбари гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "таҳлилҳои мо исбот кард, ки таркиби нос аз маводи кимиёвии зараровар ба инсон кам нест. Аз таркиби нос элементҳои марги муш ва сурб пайдо шудаанд. Моддаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки боис ба вуҷуди бемории саратон мешаванд."

Ӯ гуфт, манзур аз таҳти назорат гирифтани тавлиди нос дар Тоҷикистон ба маънои маҳдуд ё манъи чунин фаъолият нест. "Танҳо коре, ки бояд анҷом шавад, ин аст, ки ба нос маҳсулоти зиёновар изофа накунанд. Аз ин тариқ мехоҳем, саломати одамонро таъмин кунем", - афзуд ӯ.

Ҷамшед Муртазоқулов, як намояндаи порлумони Тоҷикистон ҳам гуфт, қаблан баҳси манъи тавлиди нос дар кишвар матраҳ буд, аммо онҳо розӣ нашуданд. Ӯ гуфт, "ба хулоса омадем, ки дар навбати аввал бояд ба низом дарорем, чун зарараш аз сигор дида бештар аст. Таркиби онро пешниҳод мекунем."

Яке аз сокинон гуфт, ба камияш бист сол боз нос мекашад ва натавонистааст ин одати худро тарк кунад. Ӯ гуфт, "бале, мегӯянд, зиён дорад, дандонҳоро зард мекунад, аммо ба ин таркиби нос одат кардаем. Агар инро манъ кунанд, ё таркибашро содда намоянд, ҳар кас худсарона ба таҳияи нос даст хоҳад зад. Ҳоло ин корро фақат онҳое мекунанд, ки таҷриба доранд, аз ӯҳдааш мебароянд."

Давлат Саидқулов мегӯяд, аз ин гуфтугузори мақомот хабар надорад. Аммо дар ташвиш аст, ки ҳамагуна маҳдудият дар ин кор ба тиҷорати ӯ ва ҳампешаҳояш зарба хоҳад зад. Ин тоҷири маъруфи нос гуфт, маҳсулоте ки онҳо таҳия мекунанд, моддаҳои зиёновар надорад, вагарна, ба қавли ӯ, худи сокинон ба ин навъи тамоку майл нишон намедоданд ва марги одамон ҳам бисёр сабт мешуд.

Давлат Саидқулов дар як мавсим то панҷоҳ килограм нос омода карда, ҳар килограми онро дар хонааш аз панҷ то даҳ сомонӣ мефурӯшад. Қимати нос дар бозорҳо гаронтар аст. Ҳар килограм носро вобаста ба сифат ва маъруфияташ аз 15 то 30 сомонӣ савдо мекунанд.

Солҳои ахир мақомоти Тоҷикистон барои истифодаи тамоку, бахусус сигор дар кишвар баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла, фурӯши маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву динӣ ва меҳмонхонаҳои саросари Тоҷикистон манъ шуд.

Ҳамакнун сигоркашҳо наметавонанд дар наздикии то 100 метр ба ин муассисаҳо сигор фурӯшанд ё дуд диҳанд. Қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ соли 2011 ба ҳукми иҷро даромад.

Шумори носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест, аммо эҳтимол меравад, як бахши умдаи аҳолӣ гирифтори ин маводанд. Дар бархе аз минтақаҳо аҳли ин ё он деҳа тақрибан саросар носкашанд.

XS
SM
MD
LG