Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ҳушдор дар бораи зарари сигорро ҳатмӣ кард. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон қароре ба тасвиб расид, ки намуди зоҳирии қуттиҳои сигорро бояд ба куллӣ тағйир диҳад. Бар асоси ин қарор, на камтар аз нисфи баданаи қуттиҳои сигор бояд аз навишта ва ё аксе бо таъкид ба зиёновар будани сигор иборат бошад.

Зимнан нос ба фарқ аз сигор на аз сӯи корхонаву ширкатҳои мушаххас, балки дар дохили дӯкону таҳхонаҳои бархе аз афрод тавлид мешавад ва касе ҳам кафолати бехатарии онро дода наметавонад.

Ин “регламент” ширкатҳои истеҳсолкунанда ва ё воридкунандаи сигорро ба Тоҷикистон муваззаф мекунад, ки дар ҳар як қуттии сигор навишта ва акси зиёнвор будани сигоркаширо ба саломатӣ дарҷ кунанд. Ин маълумот ё акс бояд дар масоҳати на камтар аз 50 дар сади рӯй ва пушти қуттии сигор ба забони тоҷикӣ ва русӣ дарҷ шавад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Гаштугузори мо дар фурӯшгоҳҳои пойтахт нишон дод, ки дар бисёре аз қуттиҳои тамғаҳои гуногуни сигор аслан чунин навишта ва ё расме вуҷуд надорад. Танҳо дар бархе аз навъҳои сигор, ки дар Тоҷикистон истеҳсол ва ё бастабандӣ мешаванд, дар қисмати поёнаш бо ҳарфҳои хурд ва начандон хоно дар мавриди зиёновар будани сигоркашӣ ҳушдор ҷой дода шудааст.

Елена Кравченко
Елена Кравченко

Аммо коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, як маҳслуоти дигари тамоку – нос, ки дар Тоҷикистон хеле серистеъмол аст, аз зери назари ин қарор дур мондааст, ҳарчанд ба қавли онҳо “таркиб ва зиёни он аз сигор кам не нест”. Елена Кравченко, як масъули Иттиҳоди истеъмолкунадагони Тоҷикистон, рӯзи 25 феврал гуфт, “нос ҳам дар таркибаш тамоку дорад ва маҳсулоти тамоку ба ҳисоб меравад. Аммо ин маҳсулоти тамоку дар ягон санад дарҷ нашудааст, мисли ки он вуҷуд надорад. Ҳол онки аз он хурду калон ва ҳатто занҳо истифода мекунанд. Дар ташхисҳои лабораторӣ дар таркиби он моддаҳои зиёновари кимиёвӣ, ба мисли мишяк пайдо гардид.”

Зимнан нос ба фарқ аз сигор на аз сӯи корхонаву ширкатҳои мушаххас, балки дар дохили дӯкону таҳхонаҳои бархе аз афрод тавлид мешавад ва касе ҳам кафолати бехатарии онро дода наметавонад. “Дар халтаҳои нос навиштаҷоте дар робита ба таркиб ва ё санаи истеҳсоли он дарҷ нашудааст ва ин як навъ нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандгон ба ҳисоб меравад”, - афзуд Кравченко.

Бо вуҷуди дар шароити хона омода шудан нос, дар миёни носкашон навъҳои гуногуни он бо номҳои “Носи Калинин”, “Носи 67” ва “Носи Аэропорт” маъруф аст. Ба фарқ аз нос дар Тоҷикистон чанде аз “бренд”-ҳои маъмули сигор ба мисли “Сенатор”, “Амбасадор”, “Мирон”, “Прима” ва “Космос” истеҳсол мешавад. Аммо сигорҳои серхариди “Ессе”, “Пайн” ва “Малборо” ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид карда мешаванд, ки дар қуттиҳои он навиштаҷоте дар мавриди зиёновар будани он ба назар намерасад.

Назорати насби чунин навиштаҷот бар дӯши Оҷонсии “Тоҷикстандарт” вогузор шудааст ва дар сурати дар дӯконҳо ёфт шудани қуттиҳои сигор бидуни чунин навиштаҷот он мусодира шуда ва моликони ин гуна дӯкон ва ё фурушгоҳҳо ҷарима мешаванд. Тибқи пажӯҳишҳо дар Тоҷикистон даҳ дар сади афроди калонсол ба тамокукашӣ майл доранд. Бар асоси омори расмӣ, феълан дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дар сади онҳо мард, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигар ноболиғ ҳастанд.

Чанд сол қабл кашидани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ гардида буд. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон тарҳи нави қонунеро омода кардааст, ки дар сурати қабул шудан, сигору носкашӣ дар дохили ресторану тарабхонаҳоро ҳам манъ мекунад. Дар сурати қабул шудани тарҳи мазкур, фарди сигоркаш бояд барои “дуд додан” ба берун барояд. Дар ин лоиҳа чун истисно дар бархе аз муассисаҳо, аз ҷумла шифохонаи бемориҳои руҳӣ истифода аз тамоку дар дохил дода шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG