Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯйхати 13 чиз (кор)-и мамнӯъ дар Тоҷикистон аз нигоҳи Global Voices


Вебсайти Global Voices охири ҳафтаи гузашта 13 чиз ё кори мамнуъ дар Тоҷикистонро дар як матлаб гирдоварӣ кардааст. Ин рӯйхат аз манъи ҷашни пурдабдабаи зодрӯз то номгузории фарзандонро дар бар мегирад. Global Voices навиштааст, дар баъзе ҳолат мамнӯиятҳо ба нигаронӣ аз ифротгароии динӣ рабт дода мешавад, вале дар баъзе маврид ҳадаф рӯшан нест.

Ин нашрия қазияи Амирбек Исоевро мисол овардааст, ки ду сол қабл барои таҷлили зодрӯз ҳудуди 600 доллар ҷарима шуда буд

“Ин ҷо Шӯравӣ нест”

Дар феҳристи Global Voices манъи таҷлил аз Соли нави милодӣ дар мактабҳои кишвар дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли 2015 таҷлили Соли нав дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои кишварро манъ кард ва мақомот гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири риояи қонуни танзим гирифта шудааст. Global Voices менависад, аммо хонаводаҳои тоҷик иҷоза доранд, ки дар доираи маҳдуд Соли навро таҷлил кунанд.

“Ҳолӣ дар Ҳиндустон”

Муаллифи раддабандии мамнӯиятҳо дар Тоҷикистон дар ҷои дувум мушкили таҷлил аз ҷашни Ҳолиро овардааст. Моҳи майи соли 2016 маъмурони милисаи тоҷик таҷлили ҷашни Ҳолӣ дар Душанберо пароканда карданд. Пас аз расонаӣ шудани дағалгуфтории як корманди пулис нисбат ба иштирокдорони Ҳолӣ, Вазорати умури дохилӣ як корманди пулисро барканор кард ва ду тани дигарро танбеҳ дод.

Мақомоти тоҷик ин ҷашнро хилофи арзишҳои миллӣ ва динӣ унвон карда, гуфтанд, ки дар Тоҷикистон таҷлили он манъ аст. Шуморе аз сокинон ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ҷашни Ҳолиро таҷлил мекунанд. Вале дигар аз ин ҷашн ба мисли солҳои 2013-2014 таҷлил намешавад.

Ҷашни бодабдабаи таваллуд – дар ҷои севум

Амирбек Исоев
Амирбек Исоев

Манъи таҷлил аз ҷашни бодабдабаи таваллуд бо даъвати сокинони зиёд ва берун аз манзили зистро ин расона дар ҷойи севум қарор додааст. Ба навиштаи нашрия, “агар шумо дар Тоҷикистон зодрӯзатонро дар қаҳвахона ва тарабхона таҷлил карданӣ ҳастед, бояд ҳамроҳатон пулиси ҷаримаро низ дошта бошед.”

Ин нашрия қазияи Амирбек Исоев, як маркетологи 25-солаи сокини шаҳри Душанберо мисол овардааст, ки барои таҷлили зодрӯзаш ду соли пеш ҳудуди 600 доллар ҷарима шуда буд. Далел барои ҷаримаи ин сокини Душанбе аксҳои ӯ буд, ки аз ҷараёни зодрӯзаш дар саҳифаи Фейсбук гузошт.

Аз занги камолот то ҳалвои Зайдулло

Дар матлаб манъи ҷашни “Занги камолот” барои хатмкунандагони мактабҳои миёна аз соли 2016-ро дар радаи чаҳоруми мамнӯиятҳо ҷой додаанд. Ҷашни “Занги камолот” дар замони Шӯравӣ ва то чанд соли пеш дар Тоҷикистон бо тантана таҷлил мешуд.

Зайдулло Худоёров
Зайдулло Худоёров

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама бештар расму анъанаҳои маъмул дар тӯйҳои арӯсиро, ба гуфтаи муаллифи матлаб, маҳдуд кардааст. Бурдани ҳалво, бо мошини зиёд рафтан ба хонаи арӯс ва аз соати таъиншуда бештар базм карданро манъ намудаанд. Муаллиф инро дар қатори панҷум ҷой дода, аз ҳодисаи ба сари омадаи Зайдулло Худоёров, сокини ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб ёд кардааст, ки моҳи сентябр барои ҳалво бурдан ба хонаи домодаш ҷарима шуд. Ҳалвои барои ҷашни баъди арӯсӣ омодаи кардаи ӯ ба интернат супурда шуд.

Манъи баланд гиристан

Дар Тоҷикистон на танҳо ба маросими хурсандӣ, балки ба маросими азодорӣ низ “ислоҳот” ворид кардаанд. Моҳи сентябри имсол ҳукумат дастуре содир кард, ки баланд гиристан дар маросими азоро манъ мекунад. Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия муқаррар кардааст, ки мардум набояд баъд аз вафоти наздикон бо садои баланд доду фарёд кунанд ва либоси сиёҳ бипӯшанд.

Манъи “либсои бегона”, манъи гузоштани риши бетартиб аз иқдоме будааст, ки ин расона ба он бо изҳори ҳайрат назар кардааст. Манъи номҳои “нохуб” барои фарзандон, манъи номгузории хориҷӣ барои тарабхонаву ширкатҳоро дар қатори баъдии “мамнӯиятҳо”-и расона ҷой шудааст. Ин расона навиштааст, дар Тоҷикистон соҳиби тарабхонаи ҳиндии “Salaam Namaste”-ро барои доштани номи бегона ҷарима кардаанд.

“Баъзе ҷангҷӯёни ДИИШ муштзан буданд”

Дар қатори 12-ум манъи чанд намуди варзиш дар Тоҷикистон ҷо гирифтааст. Моҳе пеш дар Тоҷикистон бокси касбӣ, греплинг, зӯрозмоиҳои универсалӣ, К-1, муҳорибаҳои омехта (ММА, UFС, MIXFIGHT), муҳорибаи ҷанги дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ, ню-фулл контакт ва панкратион манъ шуд. Ба ҷойи ин навъи варзишҳо бештар навъи варзиши миллӣ амсоли гуштигирӣ тарғиб мешавад. “Таҳқиқҳо нишон додаанд, ки ин навъи варзиш бештар миёни ҷангҷӯёни ДИИШ маъруфият дорад. Аз Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар ба сафи ин созмони мамнӯъ пайвастааст”, - навиштааст расона.

“Дрон мумкин нест”

Ин пойгоҳи интернетӣ ба унвони охирин мамнуият истифодаи дастгоҳи дрон ё бесарнишинро ёд кардааст, ки ҳоло мардум бидуни иҷоза ҳаққи истифодаи онро надоранд. Муаллиф гуфтааст, Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки истифодаи беиҷозаи дронро маҳдуд кардааст. Бо дарназардоште, ки Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон қарор дорад, дронро метавонанд, гурӯҳҳои қочоқбар ва тундра бо ҳадафҳои худ истифода кунанд.

Рӯзи президент, рӯзи парчам...

Муаллифи Global Voices навиштааст, “вақте Худованд дарро мебандад, тирезаҳоро мекушояд”. Ишораи муаллифи матлаб ба он аст, ки ҷойи ҷашнҳои манъшударо дар Тоҷикистон ҳоло чанд ҷашни дигар гирифтааст. “Рӯзи президент” дар 16-уми ноябр, “Рӯзи парчам” дар 24-уми ноябр ва “Рӯзи забони давлатӣ” дар 5-уми октябр аз ҷашнҳои наве ҳастанд, ки озодона таҷлил мешаванд. Аммо ин расона навиштааст, барои мақомоти тоҷик аз ҳама ҷашни дӯстдошта ҷашни Наврӯз аст, ки ҷанбаи мазҳабӣ надорад ва бештар ҳаёти дунявиро тарғиб мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG