Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На яксолагӣ, на садсолагӣ. Ҷашнҳои ҳукуматиро танзим мекунанд?


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қароре баргузории ҷашну маросимҳо бахшида ба солгарди идораву муассисаҳои давлатиро комилан манъ кардааст. Дар ин қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур имзо гузоштааст, аз Дастгоҳи иҷроия то мақомоти поёнӣ талаб мешавад, ки аз гузарондани чорабиниҳои солгарди таъсисёбии идораву муассисаҳо қатъиян пешгирӣ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Қонуни танзим гузарондани ин чорабиниҳоро расман манъ накарда, онро ба ихтиёри Ҳукумат гузошта буд. Коршиносон мегӯянд, Ҳукумат дар баробари манъи ҷашнҳои солгарди муассисаҳо бояд ба фикри танзими ҷашнҳои бузург низ бошад.

“Аз 70 солагии ноҳия ба ман чӣ фоида?

Барои Мавҷуда Холиқова, як ҳамшираи шафқат аз вилояти Суғд ҳармоҳа кам шудани як миқдор маошаш амри муқаррарӣ шуда буд. Ӯ мегӯяд, бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла ҷашнгирии рӯзи ташкилёбии муассиса, зодрӯзи сардор ва ғайра як миқдор маошаш боздошта мешуд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳамагӣ 540 сомонӣ маош мегирад ва моҳе шудааст, ки то 40-50 сомонӣ аз ин маблағ барои харҷи ҷашну солгардҳо сарф мешудааст.

Масъалаи гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба солгарди таъсисёбии мақомоту идораҳо дар Тоҷикистон замоне доғ шуд, ки дар кишвар баҳси ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим ҷараён дошт.

Мавҷуда мегӯяд, “барои мисол соли гузашта 50 солагии ташкилшавии корхона гуфта, як миқдор маошамонро гирифтанд, аввали соли равон боз 70 солагии ноҳия гуфта 30 сомонии дигар гирифтанд. Вақте аз маоши 540 сомонии ман 30 сомонашро мегиранд, зиндагиро аз куҷо мебарем? Ин беинсофӣ аст.” Ин табиби ҷавон суол мегузорад, ки аз таҷлили 70- солагии ноҳия ё 50-солагии муассиса ба онҳо чӣ фоида аст, дар ҳоле, ки як қисми маоши ночизи онҳо барои ин ҷашнҳо ситонида мешавад?

Аммо ҳоло Мавҷуда Холиқова дигар намегузорад, ки як қисми маоши ӯро барои ҷашнгирии солгарди идораву муассисаҳо ситонанд. Зеро чанде пеш ҳайате аз оҷонсии зидди фасод зимни баргузории ҷаласае ҳушдор додаанд, ки дигар барои таҷлили ҷашну маросимҳо ба касе маблағ надиҳанд.

"Касе ҷашн гирад, ҷазо мегирад"

Масъалаи гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба солгарди таъсисёбии мақомоту идораҳо дар Тоҷикистон замоне доғ шуд, ки дар кишвар баҳси ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим ҷараён дошт. Тағйироти нав ба Қонуни танзим дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассисаҳоро манъ накард ва онро ба салоҳдиди Ҳукумат вогузор намуд.

Дар матни қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки нусхаи он рӯзи 16-уми ноябр дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, гуфта мешавад, ки мақомот ҳақ надоранд ба муносибати солгарди ташкилёбии муассисаҳои худ чорабиниҳо баргузор намоянд.

Гузаронидани чорабиниҳои солгарди таъсисёбии мақомоту идораҳо бо дастури дастгоҳи раёсати ҷумҳури манъ шудааст.
Гузаронидани чорабиниҳои солгарди таъсисёбии мақомоту идораҳо бо дастури дастгоҳи раёсати ҷумҳури манъ шудааст.

“Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал (Исмоилзода Е.Б), гузаронидани чорабиниҳои солгарди таъсисёбии мақомоту идораҳоро қатъиян пешгирӣ намоянд,”-омадааст дар қарори ҳукумат. Дар ин дастур ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомоти поёнӣ муваззафанд аз натиҷаи иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.

Масъулон то ҳол расман шарҳ надоданд, ки ҳадаф аз манъи чорабиниҳо бахшида ба ташкилшавии идораву муассисаҳо дар чист, аммо як ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи дин, танзими анъана, ҷашну маросимҳо, ниҳоди назораткунандаи қонуни танзим мегӯяд, қарори ҳукумат ба ду хотир тасвиб шуд.

Нахуст ба гуфтаи ин масъули Кумитаи дин, Ҳукумат дар чанд соли ахир талош дорад аз харҷҳои дуввумдараҷа, ки аз ҳисоби будҷа пардохт мешавад, ҷилавгирӣ кунад. “Тамоми чорабиниҳо ба муносибати солгарди муассисаву идораҳо аз ҳисоби буҷет пардохт мешавад ва ҳукумат низ дастур дод, ки дигар маблағ барои баргузории онҳо харҷ нашавад. Дуввум аз номи кормандони оддӣ ба ҳукумат шикоятҳои зиёд расидааст, ки роҳбаронашон бо баҳонаи таҷлили солгарди корхона як қисми маошашонро бозмедоранд. Ба ин хотир, ахиран тасмим шуд, ки чорабиниҳо бахшида ба солгари идораву муассисаҳо пурра манъ шавад,”-афзуд ин масъули Кумитаи дин.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ афзуд, ҳар роҳбаре, ки ба муносибати солгарди ташкилоти зертобеаш чорабинии бошукуҳ баргузор мекунад, ҷазо хоҳад гирифт ва бо эҳтимоли зиёд аз мақомаш барканор мешавад. Инчунин ин масъули Кумитаи дин мегӯяд, таҳлилҳои онҳо нишон дод, ки баъзе аз роҳбарон бо баҳонаи баргузор кардани чорабинӣ ба муносибати солгарди муассисаҳо, дар ҳуҷҷатҳо харҷ шудани маблағҳои зиёдеро қайд мекунанд.

“Ҳамаро манъ накунед”

Коршиносон мегӯянд, тасмими Ҳукумат дар заминаи манъ кардани чорабиниҳо ба муносибати ташкили муассисаву идораҳо дуруст аст, аммо набояд дар инҷо “тару хушк якҷоя бисӯзад.”

Абдуқодири Рустам, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар айни ҳол бояд дар ин масъала фарқ гузошта шавад. Масалан, ба гуфтаи ин коршинос, муассисаҳое, ки барои кишвар ё минтақае аз аҳамияти зиёде бархӯрдоранд, бояд 50 ё 100 солагӣ (юбилей)-ашон таҷлил шавад.

Абдулқодири Рустам
Абдулқодири Рустам

“Манзурам ин аст, ки ҳама гуна солгаштро ҷашн гирифтан аслан кори заруре нест. Ба хотири онки маблағ ва вақт сарф мешавад. Дар айни ҳол муассисаҳое, ки барои минтақа ҷумҳурӣ ё ноҳия аҳамияти калидӣ доранд 50 ё 100-сола мешаванд, табиист ки бояд таҷлил бишаванд. Ҳам ба хотири қадрдонӣ ва ҳам барои таъкид бар нақши ҳамон муассиса дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар. Яъне мо бояд байни ду чиз фарқ гузорем,”-мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Абдуқодири Рустам ҳамзамон мегӯяд, баробари манъи чорабиниҳои солгарди ташкили муассисаҳои давлатӣ, ҳукумат бояд ба фикри танзими ҷашнҳое шавад, ки бо харҷи маблағҳои зиёд баргузор мешаванд. “Масалан он ҷашнҳое, ки донишҷӯён моҳҳои дароз аз дарс монда ба он тайёрӣ мебининад. Ба ҷуз аз мавридҳои истисноӣ дигараш аслан бояд мамнӯъ шавад.”

Ҳукумати Тоҷикистон давоми 10 соли ахир бо қабули қонуни танзим харҷҳои зиёд дар маросимҳои тӯй ва азоро манъ кард. Даъватҳо барои худдорӣ хоксорона баргузор кардани маросимҳо бахусус баъд аз мулоқоти раисҷумҳур бо мардум ба муносибати 10 солагии қабули қонуни танзим дар моҳи июли соли равон зиёдтар садо медиҳад. Аммо мунтақидон ҳукуматро бо он интиқод мекунанд, ки ба фикри танзими маблағҳои мардум аст, дар ҳоле, ки ҳазорҳо сомонӣ пули будҷа барои ҷашнҳо сарф мешавад.

XS
SM
MD
LG