Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба корвони НАТО чанд сарбоз маҷрӯҳ шуд


8
8

Як таркиши бомба, ки корвони мошинҳои НАТО-ро дар канораҳои Кобули Афғонистон ҳадаф қарор дод, дасти кам ду марди мулкиро кушта чанд сарбози афғону нирӯҳои НАТО-ро маҷрӯҳ кард. Дар ин бора мақомот рӯзи 18 октябр хабар доданд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки як бомбгузори маргталаб бо мошинаш ба корвони НАТО бархӯрд.

Воҳида Шакар, сухангӯи волии Парвон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 17 октябр дар ноҳияи Багром рух додааст. Багром дар 40-километрии Кобул ҷойгир буда, макони истиқрори пойгоҳи амрикоӣ ҳам мебошад. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин ҳодиса чанд сарбози НАТО маҷрӯҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG