Пайвандҳои дастрасӣ

Садама дар мушаки "Союз"-и Русия. ВИДЕО


Ҳангоми сар додани мушаки "Союз"-и Русия, ки бояд кайҳоннавардонро ба Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ мерасонд, садама рух дод. Партоби ин мушак субҳи 11-уми октябр аз пойгоҳи "Байконур" дар Қазоқистон сурат гирифт.

Тавре манобеи хабаргузории "Интерфакс" гуфтаанд, ҳангоми сар додани мушак муҳаррики дараҷаи дувуми он аз кор бозмонд. Мувофиқи маълумот, тими кайҳоннавардон осеб надида, аллакай ба замин баргашт.

Садама дар мушаки "Союз"-и Русия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:55 0:00

Аз рӯи гуфти як сарчашма, садама танҳо баъди ду дақиқа аз сар додани мушак ба ҳаво рух дод. Дар ин замон чароғаки садамавӣ рӯшан шуда, мушак ба қисматҳо пора шуд ва чатри наҷотро (парашют) ба кор даромад.

Кайҳоннаварди "Роскосмос" Алексей Овчинин ва фазонаварди NASA Ник Ҳейг тавассути капсули махсус дар яке аз саҳроҳои Қазоқистон фуруд омаданд.

Ба ҷои тахминии фуруди кайҳоннавардон чархболҳо ва гуруҳҳои наҷоти махсусро фиристоданд.

Дар “Твиттер” аллакай акси садама ва кайҳоннавардони наҷотёфта чоп шудаанд.

Видеоҳои охирин

Дӯстии Украина бо Русия хотима меёбад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:36 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG