Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: гуфтугӯҳо бо Мексика ва Канада "одилона" буданд


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе, 1 октябр бо баргузории як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед созишномаи нави тиҷории кишварашро шарҳ дод, ки ҷойгузини созишномаи тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ - (NAFTA) хоҳад буд.

Трамп гуфт, ин хабар аҳамияти таърихӣ дорад ва гуфтугӯҳои созишномаи нав бар пояи адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, Мексика ва Канада розӣ шуданд, ки ба созишнома муқаррароти ҳифзи кормандон, муҳити зист ва моликияти зеҳнӣ шомил карда шавад. Трамп, изҳор дошт, ки созишномаи нав шароити беҳтареро барои содироти гандум, тухм ва маҳсулоти ширии кишоварзону чорводорони амрикоӣ фароҳам мекунад.

Доналд Трамп афзуд, ки гуфтугӯҳо дар робита ба масоили тиҷорӣ бо Иттиҳоди Аврупо низ идома доранд ва ибрози умедворӣ кард, ки ба комёб хоҳанд шуд. Дар мавриди низои тиҷорӣ бо Чин гуфт, дар ҳоли ҳозир, Пекин ба созиши нави дуҷонибаи тиҷорӣ бо Вашингтон омода нест.

XS
SM
MD
LG