Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 80 ҳазор доллари "Тоҷиксодиротбонк" дар додгоҳ


Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Хуҷанд ба баррасии парвандаи яке аз мизоҷони “Тоҷиксодиротбонк” шурӯъ кард, ки ба сарпечӣ аз баргардонидани қарзи бузурги бонк муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи додгоҳ, Анвархон Усмонов, сокини Хуҷанд солҳои 2014-2015 аз “Тоҷиксодиротбонк” бештар аз 80 ҳазор доллар қарз гирифта ва то барнагардондааст.

Моҳи марти соли равон додситонии кулл бо даъвои “Тоҷиксодиротбонк” алайҳи ӯ бо иттиҳоми тасарруфи қарз парванда боз кард, вале Усмонов ғайб зад. Додгоҳ мегӯяд, Анвархон Усмонови 40-соларо билохира моҳи сентябр дастгир карданд.

Усмонов дар додгоҳ гуфтааст, қарзи бонкиро барои тиҷорат ва аз кишварҳои назди Балтик қисмҳои эҳтиётии мошин оварда дар Тоҷикистон фурӯшад, вале шариконаш ӯро фиреб дода, пулҳояшро аз худ карданд. Усмонов бар ивази қарзи бонкӣ ду манзилро ба гарав гузоштааст, ки тақдири онҳоро додгоҳ ҳал хоҳад кард.

Ҷаримаи бузург ва ё 12 соли зиндон

Дар сурати собит шудани иттиҳоми “Тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда, ба миқдори калон” мумкин аст Анвархон Усмоновро ҷаримаҳои бузург банданд ва ё аз 8 то 12 сол ба зиндон маҳкум кунанд. Анвархон Усмонов ҳамчунин аз моликияташ маҳрум мешавад.

«Тоҷиксодиротбонк» ки дар баробари «Агроинвестбонк» яке аз ду бонкҳои бузург маҳсуб меёбад ва давраи вазнинеро сипарӣ мекунад. Аз соли 2015 дар пайи коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк» ва «Тоҷпромбонк» дучори мушкил гардида, дар пардохти амонати муштариёнашон оҷиз мондаанд.

Ба навбати худ, ин бонкҳо низ садҳо қарздороне доранд, ки миллионҳо сомонӣ ва садҳо ҳазор доллар пулро ба қарз гирифта, бо сабаб ва баҳонаҳое то кунун аз баргардонидани вомҳо сарпечӣ мекунанд.

Бонкҳои гирифтори мушкил ва мизоҷони саргардон

Давлати Тоҷикистон аз бими норизоии мардум, ки дар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, беш аз 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод ва онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонид. Вале бонкҳои хурде, ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" муфлис шуданд.

Моҳи сентябр додситонии кулли Тоҷикистон амволи “Тоҷпромбонк”-ро аз ҳабс озод кард ва ин амвол тариқи музояда (тендер) ба фурӯш гузошта шуд. Ин бонк, ки 74 миллион сомонӣ аз мардум ва беш аз 100 миллион сомонӣ аз вазорати молия ва Бонки миллӣ қарздор аст, муфлис эълон шудааст.

Вазъи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” беҳтар ба назар мерасад, вале то чӣ андоза муваффақ шудани онҳо барои баргардонидани қарзҳои худ ва азсаргирии фаъолияти бонизом ба пулҳои худро рӯёнидани онҳо аз дасти муштариёне, мисли Анвархон Усмонов низ бастагӣ дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG