Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Айб дар бонкҳост, ки бовари мардумро аз даст доданд" САДО


Дар Тоҷикистон теъдоди суратҳисобҳои бонкӣ ба таври чашмрас кам шудааст. Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки танҳо аз аввали имсол шумораи суратҳисобҳои бонкӣ 3,5 дарсад коҳиш ёфт.

Коршиносон чунин вазъиятро ба коста шудани бовари сокинон ба ниҳодҳои молии кишвар вобаста донистанд.

Решаи чунин эҳтиёткорӣ ба ду соли пеш бармегардад. Замоне ки калонтарин бонкҳои кишвар, ба мисли "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар пардохти маблағи мардум оҷиз монданд.

“Кадом вақте зарур шуд, пулро гирифта тавонем”

Султон Назиров, сокини ноҳияи Хуросон, беш аз як ҳафта аст, ки барои боз кардани суратҳисоб бонк меҷӯяд. Мегӯяд, бародараш аз Русия ба ҳисоби 8 ҳазор сомонӣ фиристод ва бояд то моҳи сентябр дар ягон ҳисоби бонкӣ ё корт нигоҳ дорад.

“Тирамоҳ барояш бояд хона созем. Агар маблағро дар хона нигоҳ дорам, дар рӯзгор сарф мешавад. Дар ҷайб гирифта гашта намешавад. Мумкин аст, касе ғорат кунад. Беҳтараш онро дар ягон бонк гузорем, аммо намедонем дар кадом бонк. Бо ин аҳволе, ки бонкҳо доранд, дигар бовар кардан душвор аст”, - гуфт ӯ.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим

Тарси Султон Назиров ба қавли худаш беасос нест. Мегӯяд, сарсониҳои ҳамсояаш барои гирифтани пасандоз аз бонк ва соатҳо интизорӣ дар назди банкоматҳо барои ӯ дарс шудааст. “Банкоматҳо бояд доимо пул дошта бошанд ва ҳар вақте хостем, маблағамонро гирифта тавонем”, - мегӯяд Султон Назиров.

Решаи чунин эҳтиёткорӣ ба ду соли пеш бармегардад. Замоне ки калонтарин бонкҳои кишвар, ба мисли Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк дар пардохти маблағи мардум оҷиз монданд.

"Мақомот: Сабаб дар бонкҳои мушкилдор аст"

Лола Салимова
Лола Салимова

Дар бораи коҳиши суратҳисобҳои бонкӣ нахуст Лола Салимова, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар порлумон хабар дод. Салимова ҳафтаи гузашта гуфт, теъдоди суратҳисобҳои бонкӣ то 1-уми июни имсол дар кишвар 3,2 миллион ададро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 дарсад камтар будааст.

Муовини раиси Бонки Миллӣ коҳиши суратҳисобҳои бонкиро бештар ба бонкҳои дучори мушкил рабт дод. "Сабаби коҳишёбии нишондиҳандаи мазкур ин тадриҷан баста шудани суратҳисобҳои бонкии муштариён дар созмонҳои қарзии дучори мушкил мебошад", - гуфт Лола Салимова.

Коҳиши суратҳисобҳои бонкиро мақомот дар ҳоле ба бонкҳои дучори мушкил рабт медиҳанд, ки тибқи омори расмӣ дар ду соли ахир наздики 45 бонк ва созмонҳои қарздиҳӣ дар кишвар муфлис шуданд.

Дар солҳои охир мақомоти тоҷик талош мекарданд теъдоди суратҳисобҳои бонкӣ ва истифода аз кортҳо дар кишвар бештар карда шавад. Ба ин манзур ҳатто пардохти маош ва нафақаҳо низ тариқи бонкҳо сурат гирифт. Аммо бо пайдо шудани мушкил дар бонкҳои калонтарин як қисми муштариён аз истифодаи суратҳисобҳи бонкӣ даст кашиданд.

"Ин вазъ то ду соли дигар давом мекунад"

Таҳлилгарони умури иқтисодӣ дар пеш омадани чунин вазъ бештар худи ниҳодҳои молиро айбдор медонанд. Ислом Раҳматов, коршиноси умури бонкӣ, гуфт, бо пайдо шудани мушкил дар низоми бонкӣ, аҳолӣ роҳи дигари нигоҳ доштани маблағҳои худро пайдо кардаанд.

Аз ҷумла, ба қавли коршинос, феълан маблағҳои мардум бештар дар шакли хона, мошин ва дигар намуди амвол нигоҳ дошта мешавад. Ислом Раҳматов мегӯяд, коҳиши теъдоди ҳисобҳои бонкӣ дар кишвар метавонад то ду-се соли дигар идома кунад ва шояд пас аз он вазъ каме ба эътидол ояд.

“Мардум баъди ба буҳрон гирифтор шудани ду бонки калон гуфтанд, ки агар ин ду бонки калон ба чунин шароит афтад, аз бонкҳои хурд дигар чӣ умед. Ин кор боз ҳам бармегардад ба сатҳи эътимоднокии аҳолӣ, ки мутаассифона солҳои ахир бонкҳо онро қисман аз даст доданд”, - афзуд ин коршинос.

Феълан дар Тоҷикистон 17 бонк, 34 ташкилоти қарзии хурд ва 32 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Мушкили бонк ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG