Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағйирот дар “Эсхата” ба хотири пешравии бонк аст".САДО


Намояндагии минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд хабари боздошту фишор болои бархе мақомҳои бонки “Эсхата”-ро “ғайривоқеӣ” ва “беасос” арзёбӣ намуд.

Масъулон мегӯянд, ки дар бонки “Эсхата” чун дар чанде дигар бонкҳои кишвар ҷойивазкунии кадрӣ ҷараён дорад.

Рӯзи 8 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Зебо Сираева, муовини сардори намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд гуфт, тағйирот дар бонки

"Эсхата" ягона бонкест, ки дафтари марказиаш дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд аз саҳҳомони бузурги он ба шумор меояд. Ин бонк дар саҳифаи расмиаш навишт, ки дар соли гузашта мизоҷонаш аз пасандозгузорӣ 40 миллион сомонӣ суд бардоштаанд

“Эсхата” бо хости Шӯрои нозирони ин ниҳоди молӣ сурат мегирад.

Вай гуфт: “Сардори раёсаташонро нав карда истодаанд. Сардори ин банк солҳои сол кор карда омад, акнун мехоҳанд ба ҷояш каси дигар ва бо нигоҳи нав ояд. Ин тағйирот ба хотири пешравии кори бонк аст ва дар бархе бонкҳои дигар, масалан, “Спитаменбонк” низ анҷом мегирад”.

Зимнан, тибқи иттилои манобеи наздик ба "Спитаменбонк", ҳафтаи гузашта сардори нави раёсати ин бонк ба коргарон муаррифӣ шуд. Исми раҳбари нави ин муассиса нашр намешавад, вале ба гуфтаи кормандон, раҳбари нав як кадри ҷавон аст.

Хонум Сираева афзуд, бонки “Эсхата” яке аз бонкҳои камшумор дар Тоҷикистон аст, ки аз ду соли буҳронӣ беосеб ва бофоида берун омад. Аз замони таъсис дар соли 1993 раҳбарии ин ниҳоди молиро Хуршед Носирови 47-сола бар дӯш дорад. Ҳамакнун, ҷойивазкунии кадрӣ гирди номи ӯ мегардад, ки ӯро аз мақоми аввал куҷо хоҳад бурд.

Ин дар ҳолест, ки биноба хабарҳое, ки ахиран миёни сокинон мечархад, гӯё раҳбари раёсати бонки “Эсхата” ҳамроҳи чанд мақоми дигар “бо маҳрум шудан аз ҳаққи фаъолият дар бонк” аз кор барканор гардидаанд. Мақомҳои дигари ин бонк зери фишор қарор доранд ва эҳтимол дорад рақибонашон, ки аз онҳо ном бурда намешавад, онҳоро аз бозор берун кунанд.

"Тағйирот дар “Эсхата” ба хотири пешравии бонк аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

"Овозаи боздошти раҳбари бонк беасос аст"

Иддаое, ки ҳам намояндагии Бонки Миллӣ ва ҳам аз бонки “Эсхата” имрӯз дар суҳбат бо радиои Озодӣ қатъиян рад карданд. Мирзоиброҳим Иброҳимов, раҳбари бахши маркетинг ва рушди бонки мазкур гуфт, онҳо бо низоми пештара кор мекунанд

“Овозаву дарвозаҳо дар бораи кушодани парвандаву боздошти раҳбарони бонки мо ҳамааш беасос аст. Бонк мисли пештара муназаззам кор карда истодааст. Ба мо ягон хел фишор намеоранд. Шумо худатон омада метавонед кори моро бинед, бо мизоҷон суҳбат кунед”.

Ӯ афзуд, ки хабарҳо дар атрофи бонки Эсхата бар гӯши онҳо низ расида, тасмим гирифтаанд рӯзҳои наздик дар ин бора маълумоти муфассале пахш кунанд ва қазияро шаҳр диҳанд.

Ба қавли ӯ, тағйироти кадрӣ дар ин ниҳоди молӣ чун анъана ҳар сол баъд аз натиҷагирӣ аз соли гузашта анҷом мегирад. Имсол низ инизор доранд ҷойивазкунии навбатӣ то охири моҳи январ анҷом хоҳад гирифт.

Хуршед Носиров
Хуршед Носиров

Вале талоши сӯҳбат бо худи Хуршед Носиров, сардори раёсати бонки “Эсхата” бенатиҷа буд. Рӯзи душанбеи 8 январ дафтари маркази хидматрасонии бонки “Эсхата” дар Хуҷанд бар рӯи муштариёнаш боз буд ва кораш чун рӯзҳои муқаррарӣ идома дошт.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаи мӯътамад, дар остонаи соли нав Хуршед Носировро барои сӯҳбат ба Бонки миллӣ дар Душанбе даъват карданд. Ҷузъиёти ин диду боздидҳо феълан пахш намешавад.

Яке аз чор бонки бузурги тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

Зимнан, масъулони бонки хусусии «Эсхата» - яке аз чор бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон, ки ба фарқ аз дигар бонкҳо вазъаш мӯътадил ба назар мерасад, мегӯянд, маҳз таъсиси шӯъбаи идораи хавфҳо дар солҳои 2000-ум ин бонкро аз бӯҳрон эмин дошт.

Намояндаи «Эсхата» Толибҷон Исроилов рӯзи 19-уми декабри соли гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Баъд аз оне, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд саҳҳоми бонки «Эсхата» шуд, дар умури идораи бонк як зумра ислоҳот ворид шуд. Аз ҷумла, дар сохтори бонк сохтори алоҳидаи идораи хавфҳо созмон дода шуд, фикр мекунам, бонки моро аз бӯҳрони ахир, ки ду соли охир ҷараён дорад, эмин нигоҳ дошт”.

Ин бонк дар саросари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беш аз 300 намояндагиву марказҳои хидматрасонӣ дорад.

Бонки “Эсхата”-ро соли 1993 дар маркази вилояти Суғд ба ҳайси “бонки тиҷоратӣ” таъсис доданд ва соли 1994 иҷозаномаи фаъолияти бонкӣ ба даст овардааст. Ин ягона бонкест, ки дафтари марказиаш дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд аз саҳҳомони бузурги он ба шумор меояд.

Саҳҳомонии аслии бонки хусусии "Эсхата" оилаи Носировҳо ба ҳисоб мераванд. Биноба иттилои Бонки милии Тоҷикистон, 25,6 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба Носиров А., 22,8 дарсад ба Хуршед Носиров ва 10,1 дарсади он ба Носиров Д. тааллуқ доранд.

Ин бонк дар саҳифаи расмиаш навишт, ки дар соли гузашта мизоҷонаш аз пасандозгузорӣ 40 миллион сомонӣ суд бардоштаанд.

Худи бонки “Эсхата” дар соли 2017 наздики 33 миллион сомонӣ фоида гирифт, ки ҳудуди 7,5 миллионаш ба андоз рафта, беш аз 25 миллионаш чун фоидаи соф дар хазинааш ворид шуд.

Ҳамчунон Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд низ аз саҳмиядорони бузурги ин бонк ба шумор меравад. 11,8 дарсади саҳмияҳои Эхатаро БАТР дар ихтиёр дорад.

Айни замон дар Тоҷикистон 15 бонки тиҷоратии хусусӣ ва як бонки давлатӣ - "Амонатбонк" амал мекунанд. Ду бонки асосии Тоҷикистон - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки созмонҳои молии хусусӣ буданд, баъди гирифтани миллиардҳо сомонӣ кӯмак аз давлат, метавон гуфт моли давлат шуданд.

XS
SM
MD
LG