Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тоҷикистон аз гузоштани пасандоз дар бонкҳои тиҷоратӣ худдорӣ мекунанд ва маблағҳояшонро дар хона нигаҳ медоранд.

Ба бовари онҳо, ҳар қадар ҳаҷми пасандоз зиёд бошад, гирифтани мафод ва баргардонидани маблағ аз бонкҳо мушкилтар мешавад. Ду

Мардум мехоҳад комилан амонатҳои худро бозпас бигирад, аз ин хотир мушкилот то имрӯз идома дорад

бонки бузурги тиҷоратӣ - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” барои муштариён дар як рӯз тавони додани ҳудуди 50 долларро доранд. Аммо барои ин пардохтҳо ҳам бонкҳо ночоранд дороиҳояшро бифурӯшанд ва шумораи кормандонашро ихтисор кунанд.

Бархе муштариёни бонк мегӯянд: “Онҳо доим пули нақд надоштанд ва ман ба дигар бонк гузаштам. Агар вазъи “Агроинвестбонк” беҳтар шавад, ман аз хидматрасонияш истифода хоҳам кард”.

Ваё:

“Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи феълии бонкҳо ман барои гузоштани пулҳоям дар бонк таваккал намекунам”.

Ба бонкҳои Тоҷикистон эътимод доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:10 0:00

Тибқи пажӯҳишҳо, ду соли пеш “Тоҷикисодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо ҳудуди 500 миллион доллар имкон доштанд қарзҳояшонро ба муштариён баргардонанд. Аммо ин маблағҳо кифоят накард, зеро эътимоди сокинон ба бонкҳо кам шуд. Ҳоло барои беҳтар кардани вазъи пардохтпазирии бонкҳо боз ба 200 миллион доллари дигар ниёз вуҷуд дорад. Бар илава, бояд эътимоди муштариён барқарор шавад.

Рустам Қудратов, як вакили парлумон гуфт: “Агар ҳангома намебуд, ин мушкил ба вуҷуд намеомад. Вақте дурнамо таҳия мешуд, интизор мерафт, ки 500 миллион доллар барои баргардонидани мафоди амонтаҳо сарф мешавад. Вале мардум мехоҳанд комилан амонатҳои худро бозпас бигиранд, аз ин хотир мушкилот то имрӯз идома дорад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои раҳо кардани ин ду бонки бузург аз бӯҳрон дастур дод, ки стратегияи умумӣ ва нақшаи махсус таҳия шавад. Тавре маълум, барои бонкҳои нав сармояи оинномавӣ аз 80 миллион сомонӣ ба 50 миллион сомонӣ пойин оварда шуд. Ҳамчунин ҳукумат ҳақ дорад ба фаъолияти бонкҳои хусусӣ дахолат намояд.

Рустам Қудратов гуфт: “Бонки Миллии Тоҷикистон стратегияи пуливу қарзиро то соли 2020-ум таҳия кард, ки дар он иқдомҳои ҳукумат ва Бонки Миллӣ барои солимгардонии бонкҳо дарҷ шудааст. Яке аз бандҳои муҳими он, дахолати саривақтӣ ба фаъолияти бонкҳост, то аз таъсири омилҳо манфӣ ба ин бахш ҷилавгирӣ шавад. Ҳамчунин як ҳадаф ба роҳ мондани низоми устувори бонкӣ аст”.

Таҳлилгарон мегӯянд, бӯҳрони бонкҳо то чанд соли дигар идома хоҳад кард ва имсол низ беҳбудиро дар ин бахш набояд мунтазир буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG