Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарёди бефарёдраси амонатгузорони "Тоҷпромбонк"


Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба раҳбарияти муваққати "Тоҷпромбонк" дастур додааст, ки пулҳоро аз қарздорони бузурги бонк рӯёнда, нахуст амонати мардумро баргардонанд. То кунун се қарздори бузурги “Тоҷпромбонк” – Ҷамшед Абдулов, Илҳом Ҳотамов ва Тӯрабек Қаноатов – барои бозгардони қарзҳо аз сӯи мақомоти қудратӣ ба ҷавогарӣ кашонда шуданд.

Миёни Вазорати молия ва Бонки миллӣ бар сари амволи бонк чӣ баҳсе аст, ки ҳеҷ ҳал намешавад, то дар музояда фурӯхтаву пулҳои моро баргардонанд.

Аммо муштариёни "Тоҷпромбонк" мегӯянд, маъмурияти мудирони муваққати бонк супориши Давлаталӣ Саидро иҷро намекунанд ва, баръакс, барои бозгардонидани пули идораҳои давлатӣ талош доранд, на мардум. Солеҳамоҳ Самадова, роҳбари гуруҳи амонатгузорони “Тоҷпромбонк”, рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин супориши Давлаталӣ Саид пас аз он содир шуд, ки ӯву чанде аз амонатгузорон ба назди муовини нахуствазир барои додхоҳӣ рафта буданд.

Давлаталӣ Саид
Давлаталӣ Саид

Самадова гуфт, дар пайи шикоятҳо Давлаталӣ Саид ба маъмурони муваққати бонк дастур дод, нахуст амонатҳои мардумро баргардонда, сипас, пули идораҳои давлатиро бидиҳанд. Вале Самадова мегӯяд, "маъмурони муваққатии бонк баръакси ин амал мекунанд".

"Ҳоло тамоми амволи бонкро Вазорати адлия бо дархости Вазорати молия ҳабс кардааст. Миёни Вазорати молия ва Бонки миллӣ бар сари амволи бонк чӣ баҳсе аст, ки ҳеҷ ҳал намешавад то дар музояда фурӯхта, пулҳои моро баргардонанд. Ҳоло ҳаминро баҳона карда гаштаанд. Мо як тин ҳам намегирем, саргардонем, намедонем ба куҷо арз кунем", - афзуд ӯ.

Бонки касодшудаи "Тоҷпромбонк" ба қисме аз амонатдоронаш то моҳи марти имсол 1 ҳазор сомонӣ пардохт мекард, аммо ҳоло онро ҳам қатъ кардааст. Шумораи амонатдорони "Тоҷпромбонк", ки дар баргардонидани маблағҳои бо дасти худ ба бонк супоридашон саргардонанд, беш аз 600 нафар аст. Дар ин бонк ҳудуди 90 миллион сомонӣ маблағҳои мардум банд мондааст.

"Ақаллан пули худамонро диҳед"

Ватан Исмоилов, амонатгузори дигари "Тоҷпромбонк" мегӯяд, мӯҳлати пардохти амонати ӯ 6 моҳ қабл аз муфлисшавии бонк фаро расида буд, аммо масъулон амонати ӯро бознагардониданд.

"Амонати ман бо рубли русӣ буд. Аз ҳисоби поён рафтани қурб зарар дидам. Бар замми ин, аз баҳри дарсадҳои амонат гузаштем. Розием, ки ҳамон пули гузоштаи худамонро диҳанд. Аммо дар давоми 1 солу 2 моҳи муфлисшавии бонк 17 ҳазор сомонӣ пули суғурта ва 9 ҳазор сомонӣ амонатамро қисм-қисм аз бонк доданд. Аммо 236 ҳазор сомонӣ пули амонатам ҳанӯз дар бонк аст", - афзуд ӯ.

Исмоилов мегӯяд, аз беэътиноӣ ва бепарвоии масъулон ӯву амонатдорони дигар сахт афсурда мешаванд ва эҳтимол рӯзе хештандориро аз даст диҳанд. "Вазорати молия на худ амволро фурӯхта пулашро мегирад то боқимондааш ба мо расад, на ба бонк иҷозат медиҳад, ки ин корро кунад. Ҳадаф чӣ аст, танҳо азоб додани мо?",- иброз дошт Ватанов.

Вазорати молия: "Ба ҳалли масъала машғулем"

Сарсонии муштариён ба тасмими ду ниҳод -- Бонки миллӣ ва Вазорати молия бармегардад, ки ҳар ду дар қатори амонатгузорон, маблағи беш аз 110 миллион сомониро амонат гузоштаанд. Аммо дар иваз амволи бонки касодшударо, ки нархаш беш аз 600 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад, дар қабзаи худ нигоҳ медоранд.

Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "амонатгузорони "Тоҷпромбонк" ба вазорат омада буданд ва мутахассисони мо ба ҳалли ин масъала машғуланд". Хонум Ҷонмаҳмадова аз додани тафсилоти бештар дар ин робита худдорӣ варзид ва гӯшии телефонро гузошт.

Моҳи марти соли гузашта бо пешниҳоди Бонки миллӣ ва қарори додгоҳ "Тоҷпромбонк" муфлис эълон шуда буд. Додгоҳ барои ҳисобӣ кардан бо муштариёни бонк, ба мудирияти муваққат 2 сол мӯҳлат дод.

Таракаи мероси "Тоҷпромбонк"

Ба таракаи амволи аз "Тоҷпромбонк" мерос монда Тақдир Шарифзода машғул аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонуни Тоҷикистон дар бора муфлисшавӣ бонк нахуст маблағи идораҳои давлатиро бозгаронад. "Мо аз рӯи ҳамин қонун кор мекунем", - гуфт ӯ. Яъне, ба таъкиди ӯ, бонк бо фурӯши амвол бояд нахуст пули Бонки миллӣ ва Вазорати молияро бо фоизҳояш бидиҳад, баъдан навбати мардум.

Аммо муштариён аз бунбасти ба миёномада дар таракаи амволи бонк афсурдаанд. Тирамоҳи соли гузашта Хайриддин Қодиров, як муштарии ин бонк, ки 100 ҳазор доллараш дармонда буд, даст ба худкушӣ зада буд. Агар вазъият ба ин минвол идома кунад, дубора сар задани чунин вазъият аз эҳтимол дур нест.

Мушкили бонкҳои Тоҷикистон

Мушкили бозпас гардонидани пулҳои амонатгузорони бонкҳои Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2016 доғ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли 2016, барои наҷоти ду бонки бузурги кишвар "Тоҷиксодиротбонк" 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кард.

Дар оғоз "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" низ қарор буд таҳти ҳимояти давлат қарор бигиранд. Барои наҷоти ин ду бонк 530 миллион сомонӣ пешбинӣ мешуд. Аммо ин ду бонк таҳти ҳимояти давлат қарор нагирифтанд ва рӯзи 24-уми феврали соли 2017 Бонки миллӣ ғайримунтазира эълон кард, ки муҷаввизи "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк"-ро бозхонд карда, фаъолияти онҳоро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG