Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) эълон кардааст, ки то 51 дарсади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ мекунад. Ин аввалин маротиба аст, ки як ширкати хориҷӣ омода шуд миқдори бузурги саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ кунад.

"Тавофуқ имзо шудааст"

Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ изҳори омодагӣ кардааст, ки то 51 дарсад саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ мекунад.

Масъулони "Тоҷиксодиротбонк" дороиҳои бонкро ба 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ баробар медонанд.

Ба қавли манбаъ, тавофуқ бар сари ин амр дар ҷараёни дидори Тоҷиддин Пирзода, роҳбари "Тоҷиксодиротбонк" ва Шайх Валид Муҳаммад, роҳбари Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ ҳосил шуд. Раҳмоналӣ Шералиев афзуд, иштироки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ дар ҳиссаи саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мавзӯи аслии ин мулоқот буд.

Сухангӯи "Тоҷиксодиротбонк" мегӯяд, "пас аз шурӯи давраи солимгардонии вазъи молиявии бонк, ин аввалин тавофуқест, ки байни бонк ва шарикони хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ дар чунин сатҳ ва ҳаҷм ҳосил мегардад ва он метавонад раванди солимгардонии вазъи молиявии бонкро суръати бештар бахшад."

Феълан маълум нест, ки ин бонк то 51 дарсади саҳмияҳояшро бо чӣ маблағ ба саудиҳо мефурӯшад. Масъулини ин бонк мегӯянд, раванди фурӯши саҳмияҳои “Тоҷикодиротбонк” тоза шуруъ шуда, баъди розигии Бонки миллӣ ва дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд

Феълан 80 дарсад саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар дасти давлат қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои наҷоти ин бонк беш аз 2 миллиард сомонӣ ҷудо кард ва дар иваз 85 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёри худ гирифт. Як мақоми "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 20-уми марти имсол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бонк бо пардохти тақрибан 113 миллион сомонӣ панҷ дарсади саҳмияҳои худро дубора аз ҳукумат гирифт."

"Ду сол дар гирдоби буҳрон"

Масъулони "Тоҷиксодиротбонк" дороиҳои бонкро ба 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ баробар медонанд. "Тоҷиксодиротбонк" охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнашро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид.

Дар пайи он мақомоти Бонки Миллӣ барои ҳалли бӯҳрони "Тоҷиксодиротбонк" маъмурияти муваққат таъин кард ва танҳо баъд аз шаш моҳи он дубора Тоҷиддин Пирзодаро ба раҳбарии ин бонк гузошт.

Ҳукумати Тоҷикистон низ дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар маҷмӯъ беш аз 3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кард. Бо вуҷуди инки мақомоти бонк мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар бонк шикоят доранд.

Дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG