Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Оҷонсӣ ва бонк сари "протсент"-и пули нафақахӯрон


Оҷонси нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки қисме аз маблағҳои фонди нафақаро дар "Тоҷиксодиротбонк" амонат гузошта буд, ин бонкро ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашидааст. Гап дар бораи рӯёндани 2 миллиону 388 ҳазор сомонӣ ба фоидаи Оҷонси нафақа меравад.

  • Дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфтанд, ки мурофиаи нахустин аз рӯи даъвои Оҷонси нафақа рӯзи 18-уми апрели имсол доир шуд.
Оҷонсии нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон масъули ҷамъоварии пардохтҳои иҷтимоӣ ва таъин кардани нафақа дар Тоҷикистон аст.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Оҷонси нафақа ва ҳифзи иҷтимои Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ин маблағ дарсади пулҳоест, ки дар "Тоҷиксодиротбонк" ба амонат гузошта буданд. Ӯ гуфт, чун "Тоҷиксодиротбонк" саривақт маблағ ва фоизҳоро бозпас надод, Оҷонсӣ аз ин зиён дид ва мувофиқи шартномаи амонатгузорӣ, "аз бонк ҳамчунон пардохти ҷарима ё "неустойка" талаб дорем."

Оҷонси нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ дар гузашта беш аз 200 миллион сомонӣ маблағи озоди фонди нафақаро бо баҳраи солонаи 2 дарсад дар "Тоҷиксодиротбонк" амонат гузошт буд

"Оҷонсӣ аз вазъи номусоиди мо сӯистифода мекунад"

Шералӣ Раҳмонов, роҳбари хадамоти матбуоти "Тоҷиксодиротбонк", рӯзи 25-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бонк маблағҳои Оҷонси нафақа ва ҳифзи иҷтимоиро ба пуррагӣ бозпас дод. Ӯ гуфт, "дар ин миён Оҷонси нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ аз вазъияти номусоиди "Тоҷиксодиротбонк" истифода намуда, беасос ва ғайриқонунӣ фоизу ҷарима ҳисоб кард ва ба додгоҳ аризаи даъвоӣ пешниҳод кард. Дар мурофиаи судӣ исбот гардид, ки даъвои Оҷонсӣ беасос буда, баръакс "Тоҷиксодиротбонк" зиёда аз масъулиятҳои худ маблағ пардохт намудааст".

Раҳмонов афзуд, ҳоло "Тоҷиксодиротбонк" тасмим гирифтааст, ки бо шикояти ҷавобӣ ба додгоҳ маблағҳои изофиро аз Оҷонси нафақа биситонад.

"Тоҷиксодиротбонк" -- яке аз панҷ бонкҳои бузурги тиҷоратии Тоҷикистон, аз соли 2016 ба ин сӯ дучори мушкили молӣ шуд ва дар пардохти маошу пули амонатгузоронаш оҷиз монд. Ин буд, ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 бо ихтисоси беш аз 2 миллиард сомонӣ қарз, ин бонкро аз вартаи муфлисшавӣ наҷот дод. Аммо ба назар мерасад, ки аксарияти ин

маблағҳо боз ҳам барои бозгаронидани амонатҳои идораҳои давлатӣ равона шуд. Ин аст, ки "Тоҷиксодиротбонк" то ҳанӯз ба пуррагӣ аз мушкил раҳо нашудааст ва дар пардохти пули амонатгузоронаш оҷизӣ мекашад.

Амонатҳои ниҳодҳои давлатӣ дар бонкҳо

Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон дар қарори марбут ба ҷудо кардани қарз барои наҷоти бонкҳои кишвар аз ҳисоби давлат дастур дод, ки ҳамаи маблағҳои марбут ба Оҷонсии нафақа дар суратҳисоби махсуси хазинадории Вазорати молия нигоҳ дошта шаванд.

Бо ин қарор Ҳукумат дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ба амонат гузоштани маблағҳои Оҷонсии нафақаро манъ кард. Чун чанде аз бонкҳои бузурги кишвари дучори бӯҳрон шуданд ва зоҳиран худи ҳукумат бинобар зиёд будани хавфи бозпас нагаштани пули нафақахӯрон дар бонкҳо, гузоштани онро манъ кард.

Абдусамад Тошев, коршиноси умури молия мегӯяд, дар як суратҳисоб хоб рафтани маблағҳои озоди Оҷонсии нафақа бо зиён тамом мешаванд ва бо гузашти вақт таваррум (инфлятсия) арзиши ин пулҳоро ночиз мекунад. Ӯ гуфт: “Дар аксар кишварҳои мутамаддин маблағи фондҳои нафақа дар бонкҳо ва ё ҷойи дигар сармоягузорӣ мешаванд то онҳо гардиш хӯрда, афзун шаванд. Вақте пул дар як ҷо истод, таваррум онро тадриҷан мехӯрад”.

Нақшаи оҷонсӣ хок хӯрд?

Манъи ба амонат гузоштани пулҳои Оҷонси нафақа маънои онро дорад, ки худи oукумат ба устувории бонкҳои кишвар бовар надорад. "Пас дар ин шароит чӣ гуна мардум ба бонкҳо эътимод крад маблағҳои худро ба бонкҳо гузоранд",- савол мегузорад Тошев.

Оҷонсии нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон масъули ҷамъоварии пардохтҳои иҷтимоӣ ва таъин кардани нафақа дар Тоҷикистон аст. Ин оҷонсӣ ҳоло ба низоми суғуртавии нафақа гузаштааст ва бо амонат гузоштани маблағҳо мехост онро гардиш диҳад ва аз баҳрааш суд бигирад. Аммо зоҳиран ин нақшаи оҷонсӣ хок хӯрдааст.

Бинобар иттилои охири ин оҷонсӣ, айни замон дар Тоҷикистон 665 ҳазору 78 нафар бознишастагон нафақа мегиранд. Андозаи миёнаи нафақа дар Тоҷикистон айни замон ба 270 сомонӣ муодили 30доллари амрикоист.

XS
SM
MD
LG