Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "баробарии ҳуқуқи инсон" дар Тоҷикистон


Эъломияи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 10-уми декабр 70-сола мешавад.
Эъломияи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 10-уми декабр 70-сола мешавад.

“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон бахшида ба 70 солагии “Рӯзи ҳуқуқи инсон” ва 20-солагии “Рӯзи ҳомиёни ҳуқуқ”, ки моҳи декабр таҷлил мешавад, барои беҳтарин иншо ва расм дар мавзуи ҳуқуқи инсон озмун эълон кардааст.

Озмун аз рӯзи 20-уми сентябр шуруъ шуд ва то 1 моҳ ва рӯзи 20-уми октябр идома мекунад. Дар озмуни наққошӣ наврасони аз 8 то 35-сола метавонанд ширкат кунанд.

Ба гуфтаи баргузоркунандагон озмун иншо бояд дар бораи баробарии ҳуқуқи инсонҳо бошад ва ба се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шавад. Ғолибони озмунро моҳи ноябр эълон мекунанд.

“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ“, ки дар Душанбе ва Хуҷанд дафтар дорад, ягона ташкилот дар миқёси Осиёи Марказист, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ фаъолият мебарад. Созмон аз моҳи октябри соли 2013 дар вазорати адлия сабти ном шудааст.

XS
SM
MD
LG