Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев аз корхонаи алюминийи тоҷик дидан мекунад


Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон

Сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин дафъа бо боздид аз корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО – оғоз хоҳад шуд.

Интизор меравад, Мирзиёев рӯзи 27-уми сентябр ба Тоҷикистон биояд. Ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар Душанбе иштирок хоҳад кард.

Фирӯз Холиқзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Турсунзода, рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, президенти Узбекистонро сокинони шаҳр дар чанд макон, аз ҷумла даромадгоҳи шаҳр ва наздикии корхонаи алюминий пешвоз мегиранд.

“Дар ин сафар танҳо боздид аз ТАЛКО дар назар аст. Баъдан Мирзиёев аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд, дидан хоҳад кард. Ҳамин тавр, ҳангоми пешвози президент ду суруд – як тоҷикӣ ва як узбекӣ – иҷро карда мешавад”, - гуфт Холиқзода.

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Мақомот ин сафари Мирзиёевро "таърихӣ" номиданд. Дар ҷараёни ин сафар низоми раводид миёни ду кишвар содда карда шуд. Сокинони ду кишвар ҳақ пайдо карданд, ки дар тӯли як моҳ бе виза дар қаламрави якдигар равуо кунанд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар моҳи марти имсол марзи Тоҷикистону Узбекистонро 300 ҳазор нафар убур кардаанд.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG