Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҷозот"-и духтари муттаҳам ба танфурӯшӣ дар назди мардум


Дар Узбекистон мақомоти шаҳри Тирмиз бо баргузории як ҷаласаи сайёр дар боғи шаҳр модар ва се хеши духтари 18-солаеро, ки ба танфурӯшӣ айбдор мешавад, дар назди мардум сарзаниш карданд.

Яке аз фаъолони Тирмиз рӯзи 14-уми сентябр гуфт, раҳбари шаҳр дар ҷаласаи сайёр модар ва наздикони духтарро маҷбур кард, ки дар назди мардум ба зону зананд ва сипас онҳоро сарзаниш намуд.

«Шаҳрдор, сардори пулис ва додситон гуруҳи занонеро оварда, гуфтанд, ки дар назди мардум онҳоро муҷозот мекунанд. Занон ҳарчанд хостанд, ки дар пеши ҳама онҳоро шарманда накунанд, вале мансабдоре гуфт, "хап шинед, шумо ҳаққи ҳарф задан надоред», - афзуд ӯ.

Ин амали мақомоти шаҳрдории Тошканд бештари сокинонро дар ҳайрат гузоштааст. "Якум ин ки модари духтар бегуноҳ буд ва дувум, ҳоло гуноҳи духтар дар додгоҳ исбот нашудааст. Агар дар Тирмиз шумори занони танфурӯш афзуда бошад, инҷо сабаб бекорӣ аст. Мақомот бояд ба ҷои шарманда кардани занон ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд", - гуфт яке аз сокинони маҳаллӣ.

Дар хадамоти матбуотии шаҳрдории Тирмиз гуфтанд, дертар дар ин бора суҳбат мекунанд. Вале накарданд. Мудири маорифи шаҳр Малоҳат Холлиева гуфт, духтар на танҳо ба танфурӯшӣ, балки ба латту кӯби шадиди як ҳамшира низ айбдор аст.

Бино ба хабарҳо, дар Тирмиз зидди як духтари 18-сола ва чаҳор дугонаи ӯ барои латту кӯби ҳамширае санади маъмурӣ тартиб доданд. "Панҷ духтар дар клуб менӯшанд ва сипас худро бад ҳис карда, ба беморхона мераванд ва онҷо як ҳамшираро латту кӯб мекунанд", - афзуд навбатдори шуъбаи пулиси Тирмиз.

XS
SM
MD
LG