Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони Эрон барои мазҳакаи Шексир боздошт шуданд


Намоишномаи "Рӯёи шаби Тобистон"-и Шекспир дар театри Белорусия
Намоишномаи "Рӯёи шаби Тобистон"-и Шекспир дар театри Белорусия

Эрон ду корманди театрро барои ба саҳна гузоштани намоишномаи Уилям Шекспир -"Рӯёи шаби тобистон", боздошт кард. Ба гуфтаи мақомот намоишнома бо қонунҳои Ҷумҳурии Исломӣ муғоират мекунад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 10 сентябр гузориш дод. Бо қарори додгоҳ, коргардон Марям Козимӣ ва мудир Саид Асадӣ боздошт шуданд.

Онҳо шаби гузашта баъди пахши наворе дар интернет, ки кор бар рӯи ин намошиномаро нишон медод, таҳти боздошт қарор доданд. Дар вазорати фарҳанги Эрон гуфтанд, ки боздоштшудаҳо баъди пардохти гаравпулӣ ба миқдори 24 ҳазор доллар ҳар кадоме, озод шуданд.

Навори видеоӣ дар интернет рақси ҳунармандони зану мардро намоиш медод. Қонунҳои Эрон ҳамоиши зану мард ва ҳамин тавр рақси занонро комилан мамнуъ мекунад.

Мазҳакаи "Рӯёи шаби тобистон"-и Шекспир, ки аз қиссаҳои ошиқона иборат аст, ҳафт рӯз пушти ҳам, то рӯзи боздошти ҳунармандон, дар саҳнаи Эрон дар ҳоли намоиш буд. "Рӯёи шаби тобистон" - яке аз мазҳакаҳои машҳури Шекспир аст, ки дар тамоми саҳнаҳои дунё намоиш дода мешавад.

Эрон фарҳанги ғарбиро рад мекунад. Моҳи июли соли равон Моида Ҳуҷабрӣ - як духтари наврас, ки рақси худро дар интернет пахш карда буд, боздошт шуд. Соли 2014 додгоҳи Эрон шаш духтар ва писарро барои иштирокашон дар навори таронаи "Happy" - и Фэррелл Уилямс шартан ба зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG