Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мулоқоташ бо Путинро аз беҳтарин дидорҳо унвон кард


Мулоқоти Трамп бо Путин дар Олмон. 7 июни соли 2017
Мулоқоти Трамп бо Путин дар Олмон. 7 июни соли 2017

Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путинро аз беҳтарин дидорҳо дар тӯли умраш унвон кард. Президент ин нуктаро дар ҳузури тарафдоронаш дар Монтана баён дошт. Дар ин бора шабакаи телевтизионии CNN шаби гузашта хабар дод.

Трамп бори дигар аз мулоқоташ бо Путин ситоиш кард ва гуфт, ки ӯ ва президенти Русия тавонистанд бисёр масоили муҳимро баррасӣ кунанд. "Онҳо (манзур рақибони сиёсӣӣ президент) мехостанд, ки ман мисли "муштзани саҳна" амал кунам. аммо мо бисёр мулоқоти ҷолибро баргузор кардем. Мо дар бораи Украина, Сурия ва ҳимояи Исроил сӯҳбат кардем,- гуфт Доналд Трамп.

Қаблан CNN бо такя ба манбаҳояш дар хадамоти амнияти ИМА ва кишварҳои аврупоӣ гуфт: дар Кремл ба ин назаранд, ки мулоқот бештар аз интизороти онҳо буд, аммо ҳайронанд, ки чаро баъди мулоқоти Трамп сиёсати ИМА дар робита ба Русия дӯстона нашуд.

Мулоқоти Трамп бо Путин рӯзи 16 июл дар Ҳелсинкӣ баргузор шуд. Раисони ҷумҳур ду соат дар ҳузури танҳо тарҷумонҳо гуфтугӯ карданд. Баъди ин нишаст матбуоти Амрико ва рақибони сиёсии Трамп - демократҳо ва як бахши ҷумҳурихоҳон, Трампро барои рафтораш дар нишасти матбуотии баъди мулоқот танқид карданд. Ба гуфтаи бисёр шореҳон, Трамп дар робита ба Русия мавқеи бисёр нарм дошт ва як идда масоили дарднокро бо Путин матраҳ накард.

XS
SM
MD
LG