Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои Молдова дар Рӯзи Истиқлолият низ идома карданд


Рӯзи истиқлолият дар Молдова
Рӯзи истиқлолият дар Молдова

Раҳбарони Молдова барои маъракаи бахшида ба Рӯзи Истиқлолият дар пасманзари шиорҳои зидди ҳукуматии эътирозгарон дар маркази Кишенев ҷамъ шуданд. Рӯзи 27 август мақомот этирозгаронро, ки дар пояи муҷассамаи Штефани Бузург, дар Майдони маҷлиси миллӣ ҷамъ омада буданд, пароканда карданд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар дод.

Рӯзи гузашта ҳазорҳо нафар бо раҳпаймонӣ дар маркази Кишенев талаб карданд, ки ба фасодкорӣ ва идораи ғайри муассири давлатдорӣ хотима диҳанд. Раҳпамоиро мухолифин ташкил кард. Эътирози рӯзи душанбе идомаи он буд.

Ба навиштаи маҷаллаи NewsMake субҳи имрӯз пулис 15 мусофирбарро ба майдон овард ва аз тазоҳургарон талаб кард, ки бинобар барномаҳои расмӣ бояд ба автобусҳо нишинанд ва майдонро холӣ кунанд.

Садҳо нафар баро тазоҳурот дар Рӯзи Истиқлолият ба майдон баромаданд ва мақомот бо шумули президенти Молдова Игор Додон, раиси порлумон Андриан Канду ва нахуствазир Павел Филип дар пасманзари шиорпартоии эътрозгарон бар пояи муҷассамаи Штефани Бузург гул гузоштанд.

Сарвари давлат, ки матбуот ӯро русгаро меномад, дар Фейсбук тазоҳуроти рӯзи гузаштаи Кишеневро барои демократи "шармовар" унвон кард.

XS
SM
MD
LG