Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мулоқоти як ба як бо Мирзиёев то боздид аз "Артел" – Сафари Э.Раҳмон ба Узбекистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – субҳи 17-уми августи имсол бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафта, аз маҳалҳои таърихии шаҳри Самарқанд низ дидан хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.

Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Узбекистон, рӯзи 15-уми август дар як баёнияи расмӣ гуфт, сафари президент Раҳмон аз гулгузорӣ бар пояи ҳайкали "Мустақиллик" ва мулоқот бо Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи Куксарой оғоз хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, мулоқот аввал дар шакли як ба як ва сипас дар доираи васеъ баргузор мешавад.

Комил Алламҷонов мегӯяд, ду тараф масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсату тиҷорат, иқтисод, нақлиёту мухобирот, фарҳанг ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард. "Дар поёни гуфтугӯ имзои чанд санад, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро тақвият бахшида, ба сатҳи нав хоҳад баровард, дар назар аст", - гуфтааст Алламҷонов.

Комил Алламҷонов
Комил Алламҷонов

Сухангӯи президенти Узбекистон мегӯяд, дар нимаи дувуми 17-уми август дар "Узэкспоцентр" намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. "Инчунин, интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи "Артел" дар Тошканд биравад", - афзудааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август бо Нуриддин Исмоилов, раиси порлумон ва Абдулло Орифов, нахуствазири Узбекистон мулоқот хоҳад кард. Ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд рафта, аз маҳалҳои таърихӣ дидан хоҳад кард. Комил Алламҷонов гуфтааст, ин барномаи сафари давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон аст ва эҳтимол метавонад баъзе тағйирот ворид шавад.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 барои иштирок дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ба Самарқанд рафта буд.

Абдулло Орифов
Абдулло Орифов

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон сафари ҷавобӣ ба меҳмонии Шавкат Мирзиёев аст, ки рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни сафари, ба қавли мақомот, таърихии Мирзиёев ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.

Ҳазорҳо нафар ин лаҳзаҳоро таваллуди дигар номида, гуфтанд, ба беҳбуди равобити миёни ду кишвар мутмаинтар шуданд.

Мақомоти ду кишвар ҳам мегӯянд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу коло чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар расид ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Ҳоло ҳамаи чашмҳо ба сафари давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон дӯхта шудааст, ки чӣ "сюрприз"-ҳое бо худ хоҳад дошт.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG