Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Афғонистон ва ИМА Толибонро аз Ғазнӣ берун карданд


Ҳамлаҳои ҳавоӣ болои Толибон дар Ғазнӣ
Ҳамлаҳои ҳавоӣ болои Толибон дар Ғазнӣ

Садҳо ҷангии Толибон ҳамлаи густардаеро дар маркази маъмурии вилояти Ғазнӣ оғоз карда, дастикам 14 сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистонро қурбон карданд. Толибон дар ҳоле ақиб нишастанд, ки нерӯҳои Афғонистон ва ҳавопаймоҳои ИМА онҳоро ҳадаф қарор доданд. Дар ин бора мақомоти низомии Афғонистон ва Амрико хабар доданд.

Дар ҳамлаи рӯзи 10 август ба Ғазнӣ, 150 километрии ҷанубу шарқи Кобул, дастикам 20 сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистон захм бардошт, -гуфт маъмури бемористони Ғазнӣ Боз Муҳаммад Ҳимат.

Ҳамлаи Толибон ба Ғазнӣ субҳи рӯзи ҷумъа бо ҷангҳои шадид дар чанд самт оғоз шуд ва ба гуфтаи Фарид Аҳмад Машал, раиси пулиси Ғазнӣ, теъдоди қурбониҳо аз 100 нафар бештар аст. Машал дар бораи теъдоди дақиқи кушта ва захмиҳо маълумот надод. Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон Муҳаммад Родманиш гуфт, ки шаҳр бо кӯмаки артиш ба ҳукумат баргардонида шуд. Ҳавопаймо, дрон ва чархболҳои амрикоӣ дар берун кардани Толибон аз Ғазнӣ ба нерӯҳои Афғонистон кӯмак карданд

XS
SM
MD
LG