Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми иқтисоди соягии Қирғизистон мушаххас мешавад


Вазорати иқтисоди Қирғизистон бо дастгирии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба пажуҳиши ҳаҷми бахшҳои беназорати иқтисоди ин кишвар оғоз

Пажуҳишро ширкати байналмилалии PricewaterhauseCoopers LLP анҷом медиҳад, ки дар тендер ғолиб шудааст. Коршиносон сабаби асосӣ ва миқёси иқтисоди пинҳонӣ ё ба истилоҳ “соягӣ”-ро муайян ва тавсияҳои худро барои коҳиши он пешниҳод мекунанд.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон тасмим дорад, дар асоси натиҷаҳои пажуҳиш нақшаи тадбирҳои коҳиши сатҳи иқтисоди аз назорат берунро барои солҳои 2019-2020 таҳия кунад.

Вазорат тасдиқ мекунад, ки ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ дар ин кишвар бузург буда, дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд. Ба ҳисоби Кумитаи миллии омори Қирғизистон, соли 2015 ҳаҷми бахши иқтисоди пинҳонӣ 23,8%-ро ташкил додааст.

Бинобар ин, Вазорати иқтисоди Қирғизистон аз сармоягузорони хориҷӣ дархости кумаки коршиносӣ кард.

XS
SM
MD
LG