Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шеваи бастани созмонҳои "зиёновар"-и амрикоиро таҳия мекунад


Парчами Амрико дар бинои сафорати ИМА дар Маскав
Парчами Амрико дар бинои сафорати ИМА дар Маскав

Вазорати адлияи Русия шеваи бастани созмонҳои иҷтимоиеро таҳия мекунад, ки аз сӯи ИМА сармоягузорӣ мешаванд ва ба бовари мақомоти Русия, ба ин кишвар зиён меоранд.

Ин лоиҳа дар сомонаи расмии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нашр шуд, дар он гуфта мешавад, ки созмони иҷтимоӣ метавонад дар асоси иттилои мақомоти иҷроия, мақомоти назоратии федеролӣ ва додситонӣ "зиёновар" эътироф шавад. Муҳокимаи оммавии ҳуҷҷат то 14 август идома мекунад.

Вакили дифои созмони иҷтимоии "Агора" Рамил Ахметгалиев бар ин назар аст, ки ҳуҷҷати мазкур иқдоми ҷавобӣ ба Вашингтон дар робита ба ҳабси Мария Бутина аст. Бутина ба "фаъолияти ҷосусии ғайриқонунӣ ба нафъи Русия" айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG