Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек дар симои Даниил Уритски нахуствазири фирорӣ Дониёр Усенровро шинохт


Бизнесменти Беларус Даниил Уритский (нахуствазири нахуствазири собиқи Қирғизистон)
Бизнесменти Беларус Даниил Уритский (нахуствазири нахуствазири собиқи Қирғизистон)

Ба думболи хабарҳои матбуоти Беларусия Бишкек аз Минск талаб кард, ҳузури як мардро шарҳ диҳад, ки ба нахуствазири фирории Қирғизистон Дониёр Усенов монанд аст ва дар як маросими расмӣ дар Минск ҳамчун Даниил Уритски муаррифӣ шуд. Додгоҳи Қирғизистон нахуствазири пешин Дониёр Усеновро дар ғиёбаш ба ҳабси абад маҳкум карда, дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дод.

Усенов якҷо бо президенти пешин Қурмонбек Боқиев ва 24 нафари дигар бо ҷурми саркуби тазоҳуроти соли 2014 маҳкум шуданд, ки дар ҷараёни он 100 эътирозгар кушта шуд.

Матбуоти Беларусия, ки аз маросими гузоштани хишти аввали пойгоҳи кишоварзӣ гузориш дод мардероро намоиш дод, ки раҳбари Созмони биотекноложии миллии Беларусия Даниил Уритски муаррифӣ шуд ва ҳамроҳ бо муовини наухствазири Беларусия Михаил Руси дар ин маросим иштирок дошт.

Вазорати хориҷии Қирғизистон рӯзи 28 июл сафири Беларусия дар Бишкекро Сергей Ивановро барои сӯҳбат даъват кард ва ба ӯ нотаи эътирозӣ дод. Дар санад омадааст: "Ин комилан ғайри қобили қабул аст, ки Усенов, нафаре, ки дар Қирғизистон ҳукми абад гирифтааст, дар Беларусия зиндагӣ ва фаъолият мекунад".

Боқиев, Усенов ва дигарон соли 2010 ба думболи барканории иҷборӣ аз қудрат аз Қирғизистон фирор карданд.

XS
SM
MD
LG