Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунақидони Трамп аз дастрасӣ ба маводи сиррӣ маҳрум мешаванд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки мунқидони саршиносаш аз шумори ёварони президенти пешин Барака Обамаро аз дастрасӣ ба асрори давлатӣ маҳрум мекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс, ин тасмим аз ҷумла метавонад ба Ҷон Бреннан- раҳбари Хадамоти истихборот дар аҳди Обама, Сюсан Райс - ёвари президент дар умури амнияти миллӣ ва Ҷеймс Клэппер - раҳбари пешини истихбороти миллӣ таъсир гузорад. Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи Трамп, "кори худро дар сохтори давлатӣ ва дастрасӣ ба маълумоти маҳрамонаро ба сиёсат ва тиҷорат олуда карданд".

Раҳбари пешини Бюрои федеролии тафтишон Ҷеймс Комӣ, ки Трамп ӯро соли гузашта ба истеъфо фиристод ва муовини ӯ Эндрю Маккейб дар ҳоли ҳозир аз дастрасӣ ба маълумот маҳрум шудаанд. Номзади дигар аз ин рӯйхат -раҳбари пешини Оҷонсии амнияти миллии ИМА Майкл Ҳейден гуфт, ки "дар фаъолияти ҳирфаияш ҳамчунин таҳлилгари сиёсӣ дастрасӣ ба асрори давлатӣ барояш муҳим нест".

Ҳифзи дастрасии мақомоти пешини давлатӣ ба маълумот, аз таҷрибаҳои стандартии Амрико аст. Ин шеви кор ба мақомоти таҷрибадори пешин имкон медиҳад, ки ба мансабдорони феълӣ машварат диҳанд ва дар сохторҳои марбутаи созмонҳои хусусӣ кор кунанд. Феълан беш аз 4 миллион амрикоӣ ба маълумот дастрасӣ доранд ва дастрасии якуним миллиони онҳо дар сатҳи баланд аст.

XS
SM
MD
LG