Доналд Трамп, президенти ИМА, бо таъсиси "Шӯрои Сулҳ" (Ҳайати сулҳ), ниҳоди наве барои ҳалли муноқишаҳои байналмилалӣ бори дигар таъкид кард, ки поёни ҷанг дар Украина “хеле наздик аст”.
Дар оғоз ҳадафи ин ниҳоди нав иҷрои созишномаи сулҳ ва поёни ҷанги Исроил дар Ғазза буд, ки дар қатъномаи 2803-и Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ шуда буд. Баъдан, Трамп гуфт, ки на танҳо барои сулҳ дар як минтақа, балки барои сулҳ дар тамоми ҷаҳон талош хоҳад кард.
Ӯ рӯзи 22-юми январ дар суханрониаш дар Давоси Швейтсария гуфт, ки бо кишварҳои дигар ва Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи сулҳ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Зоҳиран, ин ҳарф ишора ба нигарониҳое буд, ки гӯё ҳадаф аз таъсиси “Шӯрои Сулҳ” танг кардани мавқеи СММ аст, ки Трамп онро борҳо танқид кардааст.
Дар ҳамоиши эълони таъсиси ин Шӯро дар Шветсария раҳбарони кишварҳое мисли Баҳрайн, Марокаш, Аргентина, Арманистон, Озарбойҷон, Белгия, Булғористон, Миср, Маҷористон (Венгрия), Индонезия, Урдун (Иордания), Қазоқистон, Косово, Муғулистон, Покистон, Парагвай, Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбекистон ширкат доштанд. Аз ин пеш, раҳбарони ин кишварҳо барои узвият дар ин Шӯро эълони омодагӣ карда буданд.
Ба фарқ аз Узбекистону Қазоқистон кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба узвияти ин ниҳод даъват нашудаанд. Белорус, Исроил ва Ветнам, ки намояндаҳояшон дар ин нишаст ҳузур надоштанд, ба даъвати Трамп барои пайвастан ба ин созмон майл нишон додаанд.
Барои пайвастан ба ин Шӯро бояд як миллиард доллар пардохт шавад.
Ба ҷуз аз Иёлоти Муттаҳида, намояндаи ҳеҷ яке аз панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ дар ин ҳамоиш ҳузур надоштанд, ҳарчанд онҳо низ даъват шуда буданд. Бритониё ин даъватро нодида гирифт ва Фаронса рад кард.
Русия гуфтааст, омодаи пардохти як миллиард доллар ҳаққи узвият ба “Шӯрои Сулҳ” аз ҳисоби маблағҳое ҳаст, ки пас аз ҳамлааш ба Украина дар кишварҳои ғарбӣ банд шудаанд.
Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 22-юми январ дар мулоқот бо Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин дар Маскав ба ин мавзӯъ ишора карда, гуфт, Русия омодааст, як миллиард доллар барои бозсозии Навори Ғазза ва мардуми Фаластин пардохт кунад.
Ӯ гуфт, бовар дорад, ки ин маблағро аз ҳисоби пулҳое, ки маъмурияти собиқи ИМА дар Амрико ҳабс кардаанд, пардохт мекунанд.
Доналд Трамп ҳанӯз ба пешниҳоди Путин вокунише накардааст.
Иветт Купер, вазири корҳои хориҷии Бритониё, рӯзи 22-юми январ гуфт, ки ҳузури эҳтимолии Путин дар ин Шӯро мушкилофар хоҳад буд. Ӯ гуфт, Путин ҳамеша аз сулҳ ҳарф мезанад, вале дида мешавад, ки ӯ ҳеч иқдоми амалие барои расидан ба сулҳ дар Украина анҷом намедиҳад.
Украина низ барои пайвастан ба Шӯро даъват шудааст, аммо Владимир Зеленский, президенти ин кишвар гуфт, ки ҳузури Русия дар ин Шӯро барояшон як монеа аст.
Ӯ гуфт, барояш тасаввур кардан душвор аст, ки бо Русия дар як Шӯро ҳамнишин бошанд. Ӯ ҳамчунин ҳузури Белорус, шарики калидии Русияро низ дар ин Шӯро як мушкили дигар хонд.
Маъмурияти Доналд Трамп барои пайдо кардани роҳҳои расидан ба сулҳ дар Украина талош дорад. Трамп борҳо бо Зеленский ва Путин барои расидан ба сулҳ суҳбат кардааст, вале ҳанӯз ҳеч нишонае аз поёни ҷанги чорсола дар Украина дида намешавад.