Биноба гармои шадид сафари ҳунарии овозхони маъруф Юлдуз Усмонова ва ҳаҷвнигори шинохта Обид Асомов ба шаҳру ноҳияҳои Узбекистон мутвақиф шуд. Барномаҳои эълоншудаи консертии онҳо дар шаҳрҳои Намангону Бекобод ба таъхир афтоданд.
Намояндагони Усмонова гуфтанд, ки дар ҷараёни консертҳои гузашта чанд нафар беҳуш шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Бинобар ин, созмондиҳандаҳо маҷбур шуданд, консертҳоро ба таъхир гузоранд.
“Таблиғоти намоиши ҳунарии Усмонова чанд моҳ боз ҷараён дошт. Вале консерт бо сабабҳои номаълум баргузор нашуд. Усмонова намангониҳоро фиреб дод. То ҳол пули билетҳоро барнагардонданд. Занони пиронсолу кӯдакон бо вуҷуди гармии 40-45-дараҷаӣ омада буданд. Аз Усмонова талаб дорем, ки аз сокинони Намангон узр пурсида, пули билетҳоро баргардонад”, - омадааст дар номаи як гуруҳи сокинони Намангон, ки нусхааш ба дасти Бахши узбекии Радиои Озодӣ расид.
Сафари ҳунарии Юлдуз Усмонова, овозхони машҳури Узбекистон ва яке аз ситораҳои эстрадаи Осиёи Марказӣ 8 июл оғоз шуда буд. Дар ин сафарҳо ҳаҷвнигори маъруфи ӯзбек Обид Асомов низ Усмоноваро ҳамроҳӣ мекард. Қарор буд, Усмонова 22 июл дар Намангон ва 23 июл дар Бекобод консерт диҳад.
Сухангӯи иттиҳодияи “Ӯзбекконсерт” хабари ба таъхир афтодани барномаҳои консертии Усмоноваро ба далели гармои шадид унвон кард.