Аз рӯзи 26-уми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Давоми се ҳафта вазирон ва дигар мақомдорон дар бораи корашон дар соли гузашта гузориш дода, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон ва меҳмонони Душанбе пурсиданд, ки ба вазирон ва дигар мақомдорон чӣ суол доранд?
БАЪЗЕ ПОСУХҲОРО ИНҶО ХОНЕД:
Чаро суръати интернет суст аст? Нархҳо баланд, аммо интернет ба ин нарх ҷавобгӯ нест.
Маъюбоне ҳастанд, ки ба онҳо ёрдам додан даркор. Ҳаст одамоне, ки дору харида наметавонанд. Барои ҳамин ба инҳо кумак мекарданд хуб мешуд.
Барои чӣ нархи таксиҳо танзим намешавад? Як рӯз 10 сомонӣ ҳаст, рӯзи дигар 20-30 сомонӣ мегӯянд.
Нархи озуқа, барқ ва об сол ба сол гарон шуда истодааст. Ҳама имкони пардохти ин маблағро надоранд. Суолам ин аст, ки чаро нархҳо зуд-зуд боло меравад, аммо маош ҳамин қадар зиёд намешавад?
Кай нафақаро зиёд мекунанд?
Кай роҳи муҳоҷират ба Аврупо боз мешавад то рафта онҷо кор кунем?
Видеоро дар инҷо бинед: