Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабулов: Толибон барои музокирот ба Русия даъват шуданд


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Як мақоми Русия гуфт, ки ин кишвар талош дорад то охири тобистон намояндагони созмони тундрави «Толибон»-ро барои ширкат дар «музокироти Русия» ба ин кишвар даъват кунад. Дар ин бора намояндаи вижаи президенти Русия оид ба масоили Афғонистон Замир Кабулов дар сӯҳбат бо нашрияи «Коммерсант» хабар дод.

Кабулов гуфт, ки омодагиҳо барои шурӯи гуфтугӯҳо бо Толибон дар «чаҳорчӯби музокироти Маскав» ҳанӯз соли гузашта шурӯъ шуд. «То охири тобистон мо як мулоқоти навбатиро дар ин замина баргузор мекунем ва ба ин мулоқот бояд ҳамаҷониба омода шавем», гуфтааст Кабулов. Ба гуфтаи мақоми рус, хости Русия ин аст, ки ин музокирот натиҷаи муайяне бидиҳад. «Вале натиҷа дар он сурат ба даст меояд, ки вақте Толибон ба гуфтугӯ бо ҳукумати Афғонистон ва ҳам доираҳои васеи ҳалқаҳои ҳоким розӣ шаванд».

Кабулов гуфт, ки Толибони ҳукумати амалкунандаи Афғонистонро «ғайриқонунӣ ва дастнишондаи амрикоиҳо» меҳисобанд.

Мақомоти рус мегӯянд, ки дар гуфтугӯҳои Маскав инчунин ҷонибҳои дигар, аз ҷумла, намояндагони Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд. Ба иттилои расмӣ, даври ахири музокирот моҳи апрел баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG