Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти мушовири собиқи раиси ҷумҳур ва додраси Додгоҳи конститутсионӣ


Шарофиддин Зоирзода

Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон эълон кард, ки Шарофиддин Зоирзода, яке аз додрасҳои додгоҳ ва аз мушовирони собиқи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вафот кардааст.

Дар баёнияи расмии додгоҳ аз рӯзи 13-уми июл омадааст, ки “риштаи умри Шарофиддин Зоирзодаи 62-сола рӯзи 10-уми июл бармаҳал канда шуд. Сабабҳои даргузашти додраси тоҷикро эълон нагуфтаанд.

Шарофиддин Зоирзода, ки 8 сол боз додраси Додгоҳи конститутсионӣ буд, дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъди он ба ҳайси мушовир ва мушовири калони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ кор кардааст.

Се сол ҳам муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳам будааст. Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон гуфтааст, ки Шарофиддин Зоирзода, “аз мутахассисони барҷаста ва ватандўст, шах­си кордон, хоксор ва тарбиятгари кадрҳои ҷавон буд ва дар рушди қонунгузории мамлакат нақши арзанда дорад.»

Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон аз 7 додрас иборат аст ва номзадии онҳоро раиси ҷумҳур пешниҳод ва Маҷлиси миллӣ тасдиқ мекунад.

Ин додгоҳ, баландтарин зинаи додгоҳӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад ва яке аз салоҳиятҳои муҳимтарини он маълум кардани мувофиқат ва ё мухолифати тамоми санадҳои меъёрӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон аст.

Видеоҳои охирин

Норак баъди чор моҳи ҳамла ба сайёҳон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:01 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG