Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шутурҳо дар шоҳроҳҳои Туркманистон садама эҷод кардаанд


Шутурҳо дар шоҳроҳи Туркманистон
Шутурҳо дар шоҳроҳи Туркманистон

Дар шоҳроҳи Ишқобод-Дашоғуз шутурҳои беназорат боиси сар задани садамаи нақлиётӣ шудаанд.

"Чанд рӯз пеш кирокаше дар ноҳияи Оқтеппа ба шутуре бархӯрд, дар натиҷа 5 одам ҳалок шуд", - хабар медиҳанд расонаҳои Туркманистон. Шутурҳои беназорат барои ҳаракати қаторҳо низ монеа эҷод мекунанд.

"Дар шоҳроҳи Ишқобод-Дашоғуз шутурҳои бесаробон тақрибан ҳар моҳ боиси дастикам як садама мешавад. Баъзан ба ҳаракати қаторҳо монеъ мешаванд", - менависанд расонаҳо. Гуфта мешавад, ахиран як қатор баъди бархурд бо се шутур аз роҳи оҳан берун шудааст.

Ҳоло мақомоти роҳи оҳан бо ҳадафи пешигирӣ аз вуқуи садамаҳо дар бархе аз қитъаҳои роҳи оҳан панҷара мекашанд.

Туркманистон, ки биёбонҳои азим дорад, макони аслии зисту зиндагии шутурҳо маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG