Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билд: Муҳофизи Бин Лоден дар Олмон кумакпулӣ мегирифт


Усома Бин Лоден
Усома Бин Лоден

Пулиси Олмон рӯзи ҷумъаи гузашта муҳофизи пешини Усома Бин Лоденро боздошт кард. Дар ин бора нашрияи Bild гузориш додааст.

Ба навиштаи нашрия, мақомоти Олмон исми муҳофизи Бин Лоденро ошкор накардаанд, аммо барои ихроҷи ин марди 42-сола ба Тунис, кишвари шаҳрвандии ӯ омодагӣ мегиранд.

Bild мегӯяд, нафаре, ки бо террористи рақами аввал ва раҳбари шабакаи террористии "Ал-Қоида" Усома Бин Лоден наздик буд, аз ҳукумати Олмон барои худ ва оилааш моҳе 1200 евро дарёфт мекард. Бин Лоден 2-юми майи соли 2011 дар ҷараёни амалиёти вежаи нерӯҳои махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.

Пулис муҳофизи пешини Бин Лоден дар шаҳри Боҳум, минтақае, ки бо хонаводааш се сол боз дар онҷо зиндагӣ дошт, боздошт кард. Боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ барои сабти ҳаррӯза ба идораи пулис омад.

Мақомоти ҳифзи тартибот ба қароре расиданд, ки ин шаҳрванди Тунисро ҳамчун як нафари "барои ҷомеа хатарнок" аз Олмон ихроҷ кунанд. Ӯ бори аввал соли 1997 ба Олмон омада буд. Гуфта мешавад, ки марди тунисӣ дар пойгоҳҳои тамринии Афғонистон таълими ҷангӣ гирифта, аз соли 1999 то 2000 муҳофизи Усома Бин Лоден буд. Аъзои хонаводаи ӯ шиносномаи олмонӣ доранд.

XS
SM
MD
LG