Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон "рӯйхати сиёҳ"-и додрасҳоро тартиб медиҳанд


Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон рӯйхати судя (додрас)-ҳоеро тартиб медиҳанд, ки ба назари фаъолон, "қарорҳои ғайриқонунӣ" қабул кардаанд. Дар ин бора дар як мизи гирди бахшида ба мавзӯи истирдоди блогнависи қазоқ Муродбек Тунгишбоев аз Қирғизистон ба Қазоқистон, тасмим гирифта шуд.

Рита Карасартова, як фаъоли қирғиз рӯзи 25-уми июн гуфт, Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек ҳангоми қабули қарори истирдоди Тунгишбоев "қонунҳоро дағалона вайрон кард".

"Мо "рӯйхати сиёҳ"-и судяҳоеро тартиб медиҳем, ки қонунҳоро поймол кардаанд. Мо ҳамаи талошамонро мекунем, ки онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аз сари қудрат омадани Ҷеенбеков хушҳол шуда будем. Умедвор будем, ки бетартибиҳои даврони Отамбоев қатъ мешавад. Аммо дар кишвари мо чизе тағйир накардааст. Демократия дар Қирғизистон густариш наёфтааст", - гуфт фаъоли қирғиз.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 25-уми июн қарори Додситонии кул дар бораи истирдоди блогнавис ва фаъоли қазоқ Муродбек Тунгишбоев ба Қазоқистонро эътироф кард. Шикояти вакилони дифои Тунгишбоев қонеъ карда нашуд.

Тунгишбоев 10-уми май дар шаҳри Бишкек боздошт шуд. Додситонии кулли Қирғизистон 21-уми май қарори истирдоди Тунгишбоевро ба Қазоқистон содир кард. Муродбек Тунгишбоевро дар Қазоқистон ба "сармоягузории гуруҳи ҷиноӣ" ва "таъсису иштирок дар созмоне, ки бо қарори додгоҳ экстремистӣ эълон шудааст" айбдор мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Тунгишбоев ба фаъолиятҳои ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" мусоидат ва сармоягузорӣ кардааст. Ин ҳаракатро бонкдори пешин ва мунтақиди Остона Мухтор Аблязов таъсис додааст.

Тунгишбоев робитаашро бо "Интихоби демократии Қазоқистон" рад мекунад. Ӯ мегӯяд, барои фаъолиятҳои шаҳрвандиаш таъқиб мешавад ва парвандаи ҷиноиаш ангезаи сиёсӣ дорад. Тунгишбоев бовар дорад, ки мақомоти Қазоқистон ба вай фишор хоҳанд овард.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG