Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайати Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз Амрико ба Русия меравад


Як ҳайати баландпоя аз Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико ба Маскав ва Санкт-Петербург хоҳад рафт. Ду узви ҳайат хабарро тасдиқ карданд.

Сенатор Ҷон Кеннедӣ ва Ричард Шулби рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфтанд, дар сафаре, ки аз тарафи сафири Амрико дар Маскав танзим шудааст, аз Русия дидан хоҳанд кард. Сенатор Шулби ба CNN гуфт, мулоқот дар сатҳи боло дар нақша аст, вале дар ин маврид ҷузъёит надод.

Аз сӯи дигар, сенатор Кеннедӣ умедвор аст, ки бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва бархе аз мақомҳои ҳукумати ин кишвар мулоқот кунанд. Вай гуфтааст, талош мекунанд дар робита ба манофеъ ва мушкилоти муштарак суҳбат кунанд.

Дар мавриди таърихи дақиқи сафари ин ҳайати амрикоӣ ба Русия чизе гуфта нашудааст. Аммо рӯзномаи “Ню-Йорк Дейли Нюс” аз як манбаъ нақл кардааст, ки ин ҳайат рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда ба Санкт-Петербург хоҳад расид. Сипас, рӯзи 3 ё 4-уми июл аз Маскав дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG