Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Суғд барои қочоқи маҳсулот аз Қирғизистон боздошт шуд


Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон як занро бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги маҳсулот аз Қирғизистон боздошт кардааст. Роҳат Султонова барои ин амалаш эҳтимол то панҷ сол зиндонӣ шавад.

Масъулини дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, Роҳат Султонова, сокини вилояти Суғд тариқи қочоқ аз хоки Қирғизистон миқдори бузурги маҳсулоти пластмасиро вориди Тоҷикистон кардааст.

Ба қавли манбаъ, арзиши маҳсулоти воридкардаи Султонова беш аз 150 ҳазор сомониро ташкил дода, дар се автомашинаи боркаш ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, нисбати Роҳат Султонова бо иттиҳоми қочоқ ба миқдори калон парванда боз кардаанд.

Қочоқи маҳсулот аз умдатарин мушкилот дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ном бурда мешавад. Мақомоти тоҷик пурра дақиқ набудани баъзе аз қитъаҳои марз бо Қирғизистонро як сабаби афзоиши қочоқи маҳсулот ва воридоти ками маблағ ба буҷет номиданд.

XS
SM
MD
LG