Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев кормандони гумрукро "фасодкорони бузургтарин" номид


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як ҷаласа, ки дар ноҳияи Олтинариқ баргузор шуд, аз вазъи воридот изҳори норизоӣ ва гумрукчиёнро шадидан танқид кард.

"Ман чанд тан аз шуморо зиндонӣ кардам. Ва ҳамаи шумо мисли булбул зидди ҳам шоҳидӣ медиҳед, ки чӣ гуна пора додаед. Гуё шумо аз парҳезгортаринҳо бошед. Фасодкортаринҳо шумо ҳастед", - хитоб кард Мирзиёев ба гумрукчиён.

Дар суҳбатҳои пешинаш Мирзиёев кормандони молияро "каламушҳо", кормандони додситониро "дуздҳо ва ифлосҳо" ном бурда буд. Мирзиёев кормандони мақомоти давлатиро "сагҳои худхоҳ", "хоинони ватан", "ҳамаи шумо порахӯр ҳастед, моро шарманда мекунед" низ гуфта буд.

XS
SM
MD
LG