Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Раис куҷост?” Аз ҳукумат дод хост... ва 3,5 сол зиндонӣ шуд


Як сокини шаҳри Конибодом барои додхоҳӣ ба ҳукумати шаҳр рафта, вале ба ҷои ҳалли мушкилаш севуним сол зиндонӣ шудааст. Мақомот гуфтанд, ки Юсуф Ҳалимов ба посухи навбатдор дар бораи дар ҷои кор набудани раиси шаҳр бовар накарда, ӯро азият додааст. Ҳодиса якуним соли қабл рух дода, ҳукми додгоҳ ба тозагӣ содир шуд. Ва нусхаи он рӯзи 10-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Посухҳои “раис нест”, “пагоҳ биёед”, “ҳоло раис маҷлис доранд”, сокинонро “сер кардааст”

“Раис дар утоқаш нест, дар сафари хидматист”. Мақомот мегӯянд, Юсуф Ҳалимов, сокини шаҳри Конибодом, пас аз шунидани ин посух аз мӯи як мақомдори маҳаллӣ кашола кардааст, то дари утоқи раиси шаҳрро бикушояд. Худи Ҳалимов дар додгоҳ гуфтааст, касеро озор надод ва ҳадаф аз омадан ба бинои ҳукумат танҳо ҳалли мушкилаш буд. Аммо ба ҷойи дарёфти ҳалли мушкил ба зиндон рафт.

“Қулфи кабинети раиси шаҳрро шикаст”

Асли қазия аз он шуруъ мешавад, ки охири соли 2016 Юсуф Ҳалимови 54-сола барои ҳалли мушкили замини наздиҳавлигӣ ба бинои ҳукумати шаҳр рафта, раисро пурсидааст. Муҳайё Солиева, як масъули ҳукумат ба Ҳалимов посух додааст, ки раис нест ва дар сафари хидматӣ дар Душанбест.

Ин посух, ба қавли мақомоти умури дохилӣ, қаҳри Ҳалимовро овардааст. “Ва ӯ аз мӯи масъули ҳукумати шаҳр кашида, ба назди дари раиси шаҳр овардаву талаб кардааст, ки дарро кушояд”, - гуфт як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Конибодом.

Ӯ афзуд, “кор ба онҷо кашида мешавад, ки Юсуф Ҳалимов қулфи дари кабинети раиси шаҳрро шикаста, вориди он мешавад ва дарро аз дарун мебандад. Ҳалимовро кормандони милиса бо зӯр аз дохили кабинети раиси шаҳр берун мекунанд.”

“Дод мезад, ки калиди ҳуҷраи раисро биоред”

Бархе аз масъулини ҳукумати Конибодом, ки дар замони ҳодиса дар бинои ҳукумат будаанд, мегӯянд, Юсуф Ҳалимов бо доду фарёд талаб мекард, калиди ҳуҷраи раиси шаҳрро барояш пайдо кунанд.

Хуршеда Холматова, собиқ мудири бахши занони ҳукумати Конибодом мегӯяд, дар рӯзи ҳодиса шоҳид буд, ки Ҳалимов чигуна дари ҳуҷраи раиси шаҳрро кушода, худсарона вориди он шуд.

“Солиеваро аз муйи сараш кашола карда аз қабулгоҳи раиси шаҳр баровад, то калиди раиси шаҳрро биорад. Тахминан соати 11:30 буд, ки садои навбатдор Муҳайё Солиева ба гӯшам расид. Баромада ба Ҳалимов гуфтам, ки чаро ин тавр мекунӣ, ӯ гуфт, равед калиди кабинети раиси шаҳрро барои ман биоред. Барои даъвати посбон рафта, дубора омадем, ки Ҳалимов нест. Овозаш аз дохили ҳуҷраи раиси шаҳр мебаромад”, - нақл кард Хуршеда Холматова.

Юсуф Ҳалимов дар додгоҳ гуфтааст, замини наздиҳавлигӣ надошт ва мехост, ки раиси шаҳр ба ӯ кумак кунад.

Ин масъули собиқи ҳукумати Конибодом афзуд, тахмин мекунад, ки Юсуф Ҳалимов дар рӯзи ба бинои ҳукумат омаданаш дар ҳолати мастӣ буд.

“Шароитам вазнин буд, барои пурсидани замин омадам”

Мақомот дар ҳоле Юсуф Ҳалимовро ба озори масъули ҳукумати Конибодом гунаҳкор мекунанд, ки худи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ ин иттиҳомро рад кардааст.

Дар ҳукми додгоҳ, ки нусхааш рӯзи 10-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид гуфта мешавад, Юсуф Ҳалимов дар додгоҳ гуфтааст, танҳо барои ҳалли мушкилаш ба назди раиси шаҳр омад ва касеро озор надодааст.

Ҳалимов дар додгоҳ гуфтааст, ду дафъа ба назди раиси шаҳр омад, аммо дар ҳарду бор ба ӯ гуфтаанд, ки раис нест. Зиёд шунидани як посух дар ниҳоят Ҳалимовро водор кардааст, ки худ бубинад, оё воқеан раиси шаҳр дар ҳуҷрааш аст ё не.

Ин сокини Конибодом иттиҳоми эълоншударо рад карда, дар додгоҳ гуфтааст, танҳо дари кабинети раиси шаҳрро тел дода ба даруни утоқ нигоҳ кард ва баъди мутмаин шудан баромада рафтанӣ буд.

Ба қавли Юсуф Ҳалимов, аз надоштани замини наздиҳавлигӣ шароити зиндагиаш хуб набуд ва мехост, ки раиси шаҳр ба ӯ кумак кунад.

“Вақте ба шикоятҳо беэътиноӣ мекунанд”

Юсуф Ҳалимов феълан дар зиндон аст. Як рӯзноманигор аз вилояти Суғд, ки моҷарои мазкурро пайгирӣ кардааст, гуфт, ин қазия яке аз намунаҳое аст, ки нишон медиҳад, дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ба муроҷиати шаҳрвандон диққати зарурӣ дода намешавад.

Ислом Юсуфов, рӯзноманигор аз вилояти Суғд афзуд, сари гунаҳкор будан ё набудани Юсуф Ҳалимов қазоват намекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, омӯзиши қазия нишон медиҳад, ки Ҳалимов чанд дафъа барои ҳалли мушкилаш ба ҳукумати Конибодом омадааст.

“Ин яке аз таҷрибаҳое аст, ки нишон медиҳад, дар мақомоти маҳаллӣ ба муроҷиати шаҳрвандон беэътиноӣ мекунанд. Бахусус мушкили манзил, ки солҳои ахир хеле масъалаи мубрам шудааст. Баҳсҳое ҳастанд, ки солҳои дароз идома меёбанд ва баъзан шаҳрвандон аз сари асабонӣ даст ба корҳои ғайримашруъ мезананд. Посухҳои “раис нест”, “пагоҳ биёед”, “ҳоло раис маҷлис доранд” шаҳрвандонро “сер кардааст”, - афзуд ин рӯзноманигори тоҷик.

Ислом Юсуфов афзуд, агар ҳукуматҳои маҳаллӣ сари вақт ба муроҷиати шаҳрвандон расидагӣ кунанд, ҳоҷат ба муноқиша намемонад.

Дар зимн Юсуф Ҳалимов ягона шахсе нест, ки ба хотири мушкил доштан бо мақомоти маҳаллӣ пушти панҷара меравад. Қаблан Ҷунайдулло Худоёров, як сокини ноҳияи Рашт низ дар пайи интиқодҳо аз кори ҳукумати маҳаллӣ боздошт ва ба ифротгароӣ муттаҳам шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG