Пайвандҳои дастрасӣ

Меъёри қабул ба донишгоҳ чӣ бошад -- дониши кофӣ ё мавқеи сиёсӣ?


Навиштани эссе дар мавзӯи "Пешвои миллат- ҳомии миллат" ва ё "Пайравони Пешвои миллатем!" метавонад яке аз имтиҳонҳо барои довталабони мактабҳои олии кишвар шавад.

Коршиносон мегӯянд, ки ҳангоми баҳогузорӣ ба иншо, таваҷҷуҳи аслӣ бояд ба дониши онҳо равона шавад, на мевқеи сиёсии довталабон.

Навиштани эссе ё иншо имсол барои ҳамаи довталабони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳатмӣ шуд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон номгӯи мавзӯҳои эссеро тасдиқ кард. Дар феҳрасти тасдиқшудаи номгӯи мавзӯъҳо дар баробари мавзӯҳо аз адабиёт, инчунин 60 мавзӯи озод низ пешниҳод мешавад, ки аксарияти онҳо аз мавзуҳои марбут ватандӯстӣ ҳастанд.

Дар аввали ин феҳристи мавзӯҳои озод, мурратибон мавзӯҳои "Пешвои миллат- ҳомии миллат", "Пайравони Пешои миллатем!"-ро пешниҳод кардаанд. Дар баробари ин дар ин феҳраст, мавзӯҳоеро ба мисли "Ман ориёиям ва бо ин фахр мекунам", "Либосҳои миллӣ -- тараннумгари фарҳанги миллат", "Танзими расму оинҳо - осоиши зиндагӣ" пешниҳод мешавад.

Донишнмадони корманди сохторҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шуд, аз ин иқдоми вазорати маориф ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва водор кардани онҳо ба фикру андеша дар ин замина дар тарбияи шаҳрвандони солиму ватандӯст муҳим аст.

Вале бархе мегӯянд, ки мавқеъи сиёсии довталаб наметавонад меъёри ба донишгоҳ қабул шудани ӯ бошад. Чун Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандон новобаста ба мавқеи сиёсиашон, ҳуқуқи баробарро кафолат додааст.

Камолиддин Абдуллоев, номзади илмҳои таърих, ки таҷрибаи тадрис дар донишгоҳҳои Амрико, аз ҷумла донишгоҳи маъруфи Йелро дорад, мегӯяд, ҳатмӣ шудани иншои эссе дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иқдоми хуб аст, чун ин таҷриба дар донишгоҳҳои дигари байналмилалӣ ҳам ба кор меравад. Абдуллоев мегӯяд, навиштани эссе қобилияти фикрронии ҷавононро рушд дода, сатҳи дониши онҳоро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ин шарт дар ҳоле муҳим аст, ки аксар донишомӯзон дар Тоҷикистон фикри худро мушаххасу мураттаб баён карад наметавонанд. Ӯ дар идома афзуд, "аз таҷрибаи тадрис дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мегӯям, ки натанҳо донишҷӯён, балки гоҳо аспирантҳо ҳам мустақилона фикри худро навишта ва ҳатто ба таври шифоҳӣ баён карда наметавонанд".

Аммо ин пажуҳишгари тоҷик мегӯяд, ҳангоми баҳогузорӣ ба иншои довталабон, диққати аслӣ бояд ба дониши онҳо бояд равона шавад, на мевқеи онҳо дар нисбати режими ҳукмрон дар кишвар.

"Агар эссеи навиштаи довталабон танҳо аз шиорҳои берабти аз нуқтаи назари сиёсӣ дуруст иборат бошад, пас ин гуна эссе ва муаллифи он ҳеҷ арзише надоранд. Чунки дар ниҳояти амр ҷомеае, фарз кардем, ба табибоне ниёз дорад, ки табобат карда метавонанд, на онҳое, ки роҳбарашонро дӯст медоранд",- гуфт Абдуллоев.

Набӣ Юсупов
Набӣ Юсупов

Дар Тоҷикистон мувофиқи қонуни маориф бурдани ҳамагуна таблиғоти сиёсӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо мамнӯъ аст. Аммо як назар ба номгӯи мавзӯҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илм нишон медиҳад, ки бисёре аз мавзӯъҳо сиёсианд ва довталабро водор мекунанд, ки хоҳу нохоҳ мавқеи сиёсии худро дар он баён кунад.

Набӣ Юсупов, як таҳлилгари тоҷик, ки таҷрибаи ҳафтсолаи омӯзгориро дорад, мегӯяд, интихоби мавзӯъҳои сиёсӣ ва ё тарғиботӣ ҳангоми навиштани иншо барои шомил шудан ба донишгоҳ таҷрибаи наве нест.

Ӯ гуфт: "Ин таҷрибаро мо дар солҳои шӯравӣ ҳам доштем ва довталабон дар бораи Ленин, Сталин ва ё инқилобгарон иншо менавистанд. Дар иншоҳо саҳнаҳое аз ҳаёти Ленин, масалан мулоқоти ӯ бо деҳқонон тасвир мешуд. Тоҷикистон ҳамин анъанаи бозмонда аз шӯравиро идома медиҳад, ба мисли баъзе аз кишварҳои дигари пасошӯравии мисли Қазоқистон, Беларус ва дигарҳо."

Юсупов мегӯяд, таъин шудани чунин мавзӯъҳо бештар ҷанбаи таблиғотӣ дошта ҳадафи густариш додани эҳсоси ватандӯстӣ дар миёни ҷавононро дорад. Ҳарчанд таблиғот ва тавсифу таърифи аз ҳад беши роҳбарон ва ситоиши ҳукумат метавонад дар ниҳоят натиҷаи баръаксро ба бор орад.

Мунтақидон ҳамчунон мегӯяд, таърифу тавсифи як шахс хоси кишварҳои демократӣ нест ва роҳро барои тақвияти кеши шахсият бозтар мекунад. Вале ҷонибдорони ҳукумат мегӯяд, ки арзишҳои демократӣ ҳам бояд бо назадошти “вижагиҳои миллии” ҳар ҷомеа ва кишвар татибқ шаванд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Ҳизби халқӣ-деморатӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, "мардуми Тоҷикистон ба ин назаранд, ки нишон, парчам, пул ва суруд ва дигар муқаддасоти миллӣ маҳз бо шарофати "Пешвои миллат" ба даст омадааст. Бинобар ин, ба шахсияти президент ва Пешво ҳамчун як муқаддасоти миллӣ муносибат мекунанд."

Раҳмонзода ба ин назар аст, ки ба демократияи Тоҷикистон аз зовия ва таҷрибаи баъзе кишварҳои аврупоӣ намешавад баҳо дод, чунки ба бовари ӯ, воқеиятҳо фарқ мекунанд. Вай мегӯяд, меъёрҳои муносибат ё бархӯрд ба мавзӯъ бояд аз ҳам тафовут дошта бошанд.

"Мо наметавонем шахсияти президентамонро бо роҳбарони кадом як кишварҳои аврупоӣ қиёс кунему аз он зовия ба ӯ баҳо диҳем”,- мегӯяд Раҳмонзода. Чун ба гуфтаи ӯ, хизмати президентҳое, ки ҳар чор сол меоянду мераванд, дар қиёс бо хизматҳои президенти Тоҷикистон дар назди миллат, “ба мисли як зарра ҳастанд.”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 сари қудрат аст ва дар ин охирҳо бахусус баъди қабули қонун дар бораи “Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”, ки ҳузури ӯро сари қудрат доимӣ мекунад, мунаққидон инро ҳамчун яккаҳумронӣ интиқод мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG