Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи буҷет: Тақдири пулҳои моро бе мо ҳал мекунанд. ВИДЕО


Бинои порлумони Тоҷикистон

Ҳарчанд 10 сол боз ҳузури сокинони Тоҷикистон дар таҳия ва иҷрои буҷети мақомот дар маҳалҳо ҳатмӣ шудааст, то ба ҳол шаҳрвандон дар ин кор фаъол нестанд. Онҳо маъмулан тасвиб шудани буҷетро аз расонаҳо мефаҳманд.

Тақдири пулҳои моро бе мо ҳал мекунанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:02 0:00

  • Тоҷикистон дар миёни 115 кишвар дар феҳрасти шаффофияти буҷет 30 хол дорад. Кишварҳои дигари пасошӯравӣ, ба мисли Қирғизистону Гурҷистон бо касби аз 50 то 70 хол дар миёни кишварҳои боз дар раванди таҳия ва иҷрои буҷет пешсаф будаанд.
Пайваста талош мекунем, ки таъмири роҳ ба буҷети ноҳия ва ҷамоат ворид карда шавад. Вале касе ба назари мо аҳамият намедиҳад.

"Ҳар чизе аз ҳукумат гуфтанд, ҳамон мешавад"

Ноҳияи Рӯдакӣ дар 17-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи Тоҷикистон дониста мешавад.

Муҳиддин Норбутаев, раиси ҷамоати “Султонобод”-и ноҳия, рӯзи 31-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, буҷети ҷамоати онҳоро ҳукумати ноҳия таҳия карда, барои тасдиқ ба ҷамоат мефиристад. Ба гуфтаи ӯ, сокинон ва раҳбарони ҷамоат дар таҳияи буҷет тақрибан иштирок намекунанд.

Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Рӯдакӣ
Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Рӯдакӣ

"Ба ҷамоат танҳо тарҳи буҷетеро мефиристанд, ки дар он ба чӣ корҳо сарф кардани 100 ё 200 ҳазор сомонӣ дақиқ гуфта шудааст. Мисол, барои маоши кормандони ҷамоат ва ё барои таъмири кӯчаҳову ободонӣ чӣ қадар пул ҷудо карда мешавад - афзуд ӯ.

Муҳиддин Норбутаев дар посух ба ин суол, ки оё вакилони маҷлиси ҷамоат ва худи аҳолӣ дар таҳияи буҷет саҳм мегиранд ё не, гуфт, “ҷамоат ҳарчанд пурнуфузу аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ҳам бошад, харҷаш аз сӯи ҳукумати ноҳия роҳандозӣ мешавад. Мо имкон надорем, ки сохтмони муассисае ё анҷоми корҳои пурхарҷеро худ сармоягузорӣ кунем. Аз ноҳия ҳарчӣ гуфтанд, ҳамон аст.”

"Касе ба пешниҳодҳои мо аҳамият намедиҳад"

Зуҳурбек Шарифов, сокини ҷамоати Бӯстон-Қалъаи ноҳияи Бохтар, рӯзи 31-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "деҳаи мо дар марзи се ноҳия воқеъ аст ва ҳангоми сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда чархаҳои вазнини онро тавассути рустои мо интиқол медоданд. Тақрибан 20 километри роҳ комилан тахриб шудааст. Пайваста талош мекунем, ки таъмири роҳ ба буҷети ноҳия ва ҷамоат ворид карда шавад. Вале касе ба назари мо аҳамият намедиҳад. Пеш аз таҳияи буҷети ноҳия низ ба мақомот муроҷиат кардем, мушкил ҳал нашуд."

Мавзӯи иштироки аҳолӣ дар раванди таҳияи буҷет ва иҷрои он рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Душанбе бо иштироки мақомот ва коршиносон матраҳ шуд.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ҳарчанд аз 10 сол ба ин тараф дар Тоҷикистон ширкати аҳолӣ дар таҳия ва қабули буҷет дар ҳама сатҳҳо ҳатмӣ шудааст, вале сокинон то ба ҳол чандон дар ин амр саҳми назаррасе надоранд. Таъкид шуд, ҳатто қонунгузорӣ муайян кардааст, ки бидуни муҳокимаи шаҳрвандон ҳеч қонуни буҷа ин ё он маҳал набояд пазируфта шавад.

Ӯктам Ҷумъаев, номзади илмҳои иқтисодӣ ва масъули ҷамъоварии маводи таҳлилӣ барои "Индекси шаффофияти буҷети Тоҷикистон" раванди таҳия ва иҷрои буҷет дар Тоҷикистонро шаффоф намедонад. Зеро, ба гуфтаи вай, сокинони Тоҷикистон танҳо баъд аз қабули буҷет дар порлумон аз он огаҳӣ меёбанд ва ҳатто наметавонанд раванди иҷрои онро назорат кунанд.

Чаҳор вазифаи муҳим

Ҷумъаев дар ин робита гуфт, барои таъмини шаффофияти таҳия ва иҷрои буҷет дар Тоҷикистон дар назди мақомоти кишвар чанд вазифа гузошта шудааст: "Вазифаи аввалиндараҷа ин нашри ҳисобот аз иҷрои буҷети кишвар дар ҳар як нимсола мебошад, ки ҳадафи он расондани иттилоъ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа аст.

Дуввум, то қабули буҷет аз сӯи порлумон дастраси ҷомеа кардани ҳамаи иттилооте, ки дар буҷаи ҳарсолаи Тоҷикистон ҷой дода мешаванд. Севум, фишангҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин замина бояд тақвият дода шавад. Чаҳорум, тасдиқи худи омодагии сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин замина аст”.

Буҷети Тоҷикистон солҳои ахир дар порлумони кишвар бидуни баҳс бо пахши тугмачаи “тарафдор” якдилона қабул карда мешавад ва порлумон барои назорати татбиқи буҷет салоҳияти худро истифода намекунад. Дар Тоҷикистон президент ҳамзамон сарвари ҳукумат аст ва тарҳи буҷет баъди баррасии ҳукумат ба порлумон пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, намояндагони мардумӣ онро ба чолиш намекашанд.

Ӯктам Ҷумъаев бовар дорад, фароҳамсозии заминаҳои таъмини шаффофияти таҳия ва иҷрои буҷет дар Тоҷикистон ба раванди коҳиши фақр дар кишвар мусоидат мекунад, зеро сокинон маблағи буҷетро самарбахш барои беҳбуди зиндагии худ масраф хоҳанд кард.

Аммо мақомот ба ин назар аст, ки дар пайи тасмимҳои “хирадмандонаи” худ сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз ҳудуди 60 дарсади то даҳ соли қабл то 31 дарсад дар соли гузашта коҳиш додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG