Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP аз дороиҳои хонаводаи Ҳукумов дар хориҷа таҳқиқот нашр кард


Акс аз соли 2014
Акс аз соли 2014

OCCRP – Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳоии созмонёфта (Organized Crime and Corruption Reporting Project) – дар матлабе дар весбайти худ гуфтааст, ки раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов) ва аъзои оилаи ӯ дар Ҷумҳурии Чех ва шаҳри Маскави Русия шаш хонаву сохтмон (недвижимость) доранд.

Дар таҳқиқоти муфассали ин созмон гуфта мешавад, ки гӯё ин хонавода барои харидани манзилу сохтмонҳои боҳашамат шурӯъ аз соли 2012 беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст.

Хонаву мошин дар Чехияву Маскав

Ба навиштаи муаллифон, ду хонае, ки дар осоишгоҳи Марианске Лазне соли 2012 бо арзиши 500 ҳазор ва 1,1 миллион доллар харидорӣ

Ин воқеият, ки ногаҳон интиқоли пулҳои калон сурат гирифт, ва охирин бахши ин пулҳо дар фосилаи ним сол сурат гиирфт ва сухан дар бораи миллионҳо доллар меравад, ба назари мо ин мақола бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа бошад

шудаанд, низ ба ҳамин хонавода тааллуқ дорад. Арзиши чор сохтмон дар Карлови Вари аз 200 ҳазор то 5 миллион доллар баровард шуда гаронтарини онҳо як сохтмони маъмурӣ мебошад. Муаллифон мегӯянд, ки аксари моликият дар Чехия ба номи Амина Мусоева, ҳамсари Амонуллои Ҳукуматулло сабт шудааст.

Илова ба ин, OCCRP дар бораи як хона дар шаҳри Маскав бо арзиши 1,1 миллион доллар ҳам маълумот додааст, ки гӯё соли 2006 ба даст оварда шудааст ва ба номи писари хонадон – Рустам сабт шудааст. Баъдан ин хона ба хоҳараш Заррина фурӯхта шуд. Инчунин OCCRP иддао кардааст, ки хонаводаи Ҳукуматулло дар қаламрави Чехия се мошини гаронбаҳои навъи Bentley Mulsanne, Ford Raptor ва Skoda Yeti харидорӣ кардааст.

Ин созмон мегӯяд, ки Ҳукуматуллои 66-сола соли 2014 аз мақомаш канор рафт ва бознишаста шуд, вале таҳқиқоти журналистии онҳо собит кардааст, ки хариди ин моликият дар Чехия соли 2012, дар замони сари кор будани ӯ ва баъди он сурат гирифтааст.

Амина Мусоева ин хабарҳоро ғайривоқеӣ номид

Худи аъзои хонаводаи Ҳукуматуллоҳ дурустии ин маълумотро ба журналистони OCCRP рад кардаанд. Ҳамсари Ҳукуматулло - Амина Мусоева рӯзи 5 январ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи нашри мақола дар бораи моликияти хонаводаи онҳо дар хориҷа хабар надорад. Мусоева инчунин гуфт, ин маълумот, ки хонаҳои Карлови Вари ва Марианске Лазне ба ӯ тааллуқ доранд, воқеият надоранд ва афзуд, ки ҳамаи суолҳо дар ин замина на ба ӯ, балки бояд ба ҳамсараш пурсида шавад. Худи Ҳукуматулло рӯзи 5 январ дастнорас буд, вале дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2016 ӯ вуҷуди моликият дар Карлови Вариро рад карда буд.

Карлови Вари аз замони Шӯравӣ ба ҳайси як осоишгоҳи беҳтарин барои элитаи сиёсии Шӯравӣ маъруф аст
Карлови Вари аз замони Шӯравӣ ба ҳайси як осоишгоҳи беҳтарин барои элитаи сиёсии Шӯравӣ маъруф аст

Дар матлаби муҳаққиқони созмони OCCRP, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки замони шурӯи харидории манзилҳои гаронбаҳо дар Чехия маоши моҳонаи раиси ширкати Роҳи оҳан на бештар аз 5,000 сомонӣ ($625) буд.

Муаллиф: Далели мувассақ дорем

Яке аз муаллифони ин гузориш Влад Лавров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 5 январ гуфт, ки таҳқиқоти чандинмоҳаи онҳо бар асоси санад ва ҳуҷҷатҳои харидуфурӯши манзил ва сохтмонҳое анҷом шудааст, ки “дар Реестри моликияти ғайриманқули Чехия ва дигар маводи қобили тасдиқ асос ёфтааст”. Вай гуфт, тафсилоти зиёди тарзи пайдо кардани ин маълумотро дода наметавонад, вале гуфт, “созмони мо сиёсати хеле ҷиддии санҷиши дурустии фактҳоро” пеш мебарад. Ба саволи ин ки ҳадафи ин гузориш чӣ аст, ӯ гуфт:

“Ба бовари мо, ин мақола мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа мебошад, чунки ҷаноби Ҳукуматулло як коргари давлатӣ буд ва солиёни зиёд ба ширкати “Роҳи оҳан” раҳбарӣ мекард. Ин воқеият, ки ногаҳон интиқоли пулҳои калон сурат гирифт, ва охирин бахши ин пулҳо дар фосилаи ним сол сурат гиирфт ва сухан дар бораи миллионҳо доллар меравад, ба назари мо ин мақола бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа бошад”.

Карлови Вари замони пеш аз инқилоби Октябр як шаҳри олмонинишин буд ва он замон ҳам ашрофзодаҳо барои муолиҷа ба ин ҷо меомаданд
Карлови Вари замони пеш аз инқилоби Октябр як шаҳри олмонинишин буд ва он замон ҳам ашрофзодаҳо барои муолиҷа ба ин ҷо меомаданд

Ба гуфтаи ӯ, муроҷиатҳои батакрори муҳаққиқон ба аъзои хонаводаи Ҳукуматуллоҳо натиҷа надод ва ҳеҷ нафаре аз онҳо омода нашуд дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад. Ӯ гуфт, ҳоло онҳо мехоҳанд мақомоти Тоҷикистон низ ҳам ба ин савол посух гӯянд, ки ин “маблағҳо аз куҷо гирифта шудаанд ва оё андози пулҳои интиқолёфта ба кӣ пардохт шудааст?”.

Дар ҳамин ҳол мақомот дар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз нашри мақола рӯзи 5 январ огоҳ шуданд ва ҳанӯз дар ин бора шарҳе дода наметавонанд. Сохторҳои дигари давлатӣ ҳанӯз ба ин матлаб вокуниш накардаанд.

Таҳлилгар: Ин баёнгари сатҳи баланди фасод аст

Таҳлилгарон мегӯянд, ошкор шудани дороиҳои Амонуллои Ҳукуматулло бори дигар баланд будани сатҳи фасод дар Тоҷикистонро нишон медиҳад. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, бо маоши каме, ки кормандони мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, имкони пеш бурдани зиндагии шоиста вуҷуд надорад.

Ба қавли ҷаноби Қодиров, “дар солҳои қаблӣ як ҳамингуна кӯшишҳое барои ошкор кардани амволи мансабдорон сурат гирифт, вале бо сабабҳои гунонун, махсусан фишор ба он журналистоне, ки қобилияти гузарондани чунин тадқиқотҳоро доштанд, аксари онҳо кишварро тарк карданд. Болотар аз ин худи мақомот дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ оиди хароҷоти буҷети кишварро сангинтар карданд.”

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мушкили аслӣ дар ин самт он аст, ки дороиҳои мансабдорони тоҷик рӯйи об намебароянд.

Ҷаноби Қодиров бо ишора ба таҳқиқоти ахир дар бораи амволи Амонуллои Ҳукуматулло мегӯяд, аз ин ба баъд шояд, ки ин гуна мақолаҳо боз пайдо шаванд.

Аммо ба назари Абдумалик Қодиров, мақомоти тоҷик ба ин таҳқиқот вокуниши ҷиддие нишон намедиҳанд. “Агар мақомот бисёр вокуниш нишон диҳанд, мегӯянд, ки ин исботи худро наёфт. Агар сохторҳои байналмиллаи ягон менахизми таъсирасони ба қарорҳои ҳукумат пайдо мекарданд гап дигар буд.”

Амонулло Ҳукуматулло аз солҳои 1990 дар сохторҳои мухталифи ҳукуматӣ кор карда, то соли 2002 узви порлумон ва раиси ширкати “Нафтрасон” буд. Марҳилаи кори ӯ дар “Роҳи Оҳан” 12 сол (аз 2002 то 2014)-ро дар бар мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG